Лого
 

Аз таърихи таъсисёбии шуъбаи таърихи фалсафа

Вақте соли 1951 дар базаи филиали АИ Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ҳамзамон дар ҳайати он Шӯъбаи Фалсафа ва сектори таърихи фалсафа низ созмон дода шуд. Дар баробари омӯзиш ва таҳқиқи ҷиҳатҳои алоҳидаи фалсафаи марксистӣ-ленинӣ дар Тоҷикистон, ба монанди масъалаҳои мубрамтарини рӯз: материализми диалектикӣ ва таърихӣ, коммунизми илмӣ ва атеизми илмӣ яке аз масъалаҳои мубрами сектор ва миньаъд- Шӯъбаи мазкур- омӯзиш ва таҳқиқи таърихи афкори фалсафӣ, иҷтимоӣ – сиёсӣ, зебоишиносӣ ва ахлоқии халқи тоҷик ба шумор мерафт.

Маҳмадҷонова Муҳиба Талатҷоновна - доктори илмҳои фалсафа, мудири Шӯъбаи таърихи фалсафа– 20 апрели соли 1960 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Дар соли 1978 ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, дар соли 1982 ба шӯъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси лаборант ба кор қабул шуд. Дар ин ҷо аз вазифаи лаборанти калон то сарходими илмӣ ва  аз январи соли 2014 то ҳол ба ҳайси мудири шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, аз 1 сентябри соли 2015 мудири шӯъбаи таърихи фалсафа фаъолият дорад.

Содиқова Насиба Нуруллоевна - 3 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 12-и ш.Душанберо  хатм намуда, ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1990 хатм намудааст.  Аз соли 1990 то соли 2015 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, нозири кадрҳо, котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ ва муовини директор оид ба илм кор кардааст. То интихоб ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ба ҳайси муовини директор оид ба илм ва таълими ҳамин Институт кор мекард.

Додихудоев  Хаёлбек - доктори илмҳои фалсафа, профессор, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими илмии Шӯъбаи таърихи фалсафа  – 9 маи соли 1939 дар ноҳияи Шуғнони ВМБК таваллуд шудааст. Соли 1960 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими забони тоҷикӣ ва таърих хатм намудааст.

Маҳмадова Меҳрӣ Файзалиевна – доктори илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ -15.о5.1960 дар деҳаи Зулмободи  ноҳияи Ёвон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1977 ба факултети филологияи Иститути омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1981 хатм менамояд. Аз 1981-1983 дар мактаби  № 15-и  ноҳияи Ёвон ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт кор кардааст. Соли 1983 ба аспирантураи Донишгохи Давлатии Омӯзгорӣ дохил мешавад ва соли 1991 онро хатм менамояд. Аз соли 1991 то 1993 дар мактаби № 15-и ноҳияи Ёвон муаллимаи забон ва адабиёт шуда кор мекунад.

Шарипов Абдуғаффор – ходими калони илмӣ- зодаи деҳаи Ҷорфи ноҳияи Қулъаи Хум (ҳоло ноҳияи Дарвоз)  соли 1962 мактаби миёнаи маркази ноҳияро хатм кардааст. Хатмкардаи факултаи таърихи УДТ ба номи  В. И. Ленин.

Баъди хатми Донишгоҳ соли 1967 ба кумитаи марказии комсомолии Тоҷикистон қабул шуд. Аз моҳи марти соли  1967 то 1970 муаллими кафедраи  навтаъсиси «Таърихи дину илҳод»-и  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Солҳои  1974  - 1980 муҳаррири калони илмӣ ва баъди  чанде мудири Редаксияи фалсафа ва ҳуқуқ Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ) таъин мегардад.

Муродова Тоҷинисо  - номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмӣ - 1 июни соли 1949 дар қишлоқи Сафедсанглохи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаб-интернати № 22-уми ноҳияро хатм намуда, ҳамон сол ба факультети филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (хозира ДМТ) дохил шуда, соли 1971 онро хатм намудааст. Ҳамон сол ба Шӯъбаи фалсафаи АИ ҶТ ба кор омада, дар ибтидо ба вазифаҳои лаборанти хурд, лаборанти ккалон ва ходими хурди илмии бахши таърихи фалсафа кор кардааст.

Саидҷаъфарова Парвина Шовалиевна – номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ- 22 апрели соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1988 мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Кулоб дохил шуда, соли 1993 онро хатм намудааст.

Ашуров Ғаффор Ашурович – узви вобастаи Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон, номзади илмхои фалсафа , сарходими илмӣ - 5 марти соли 1930 дар ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1945 баъди хатми мактаби ҳафтсолаи ноҳия ба техникуми китобшиносии ш. Сталинобод дохил шуда, соли 1948 онро  бо дипломи аъло хатм намуда, ҳамон сол ба Институти китобшиносии Маскав (ҳоло  Донишгоҳи давлатии фарҳангу  ҳунари Маскав) дохил шудааст. Баъди хатми Донишгоҳи мазкур, вай муддате дар китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳайси муҳаррир – мутахассиси калон кор кардааст.

Шамсов Муборакшо Саловудинович – номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ -  14 ноябри соли 1970 дар ш.Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 2015 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таълимоти тасаввуфи Хоҷа Муҳаммади Порсо» ҳимоя кардааст. Аз соли 2015 корманди Шӯъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи 1 монография ва 10 мақолаҳои илмӣ. Самтҳои таҳқиқоти илмӣ: таърихи фалсафа, калом, тасаввуф, машшоия.

Камолов Усмоналӣ Нусратович – номзади илмҳои фалсафа, ходими калони илмӣ - 12 январи соли 1971 дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Рудакӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 ба мактаби миёнаи № 71, ноҳияи Ленин дохил шуда, онро соли 1988 хатм кардааст. Моҳи сентябри соли 1989 курси яксолаи муҳосибиро (Учкомбинат) хатм менамояд ва сертификати «Муҳосиб»-ро мегирад. Аз моҳи декабри соли 1989 то моҳи декабри соли 1991 дар сафи қушунҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ хизмат кардааст.