Лого
 
Шаблоны для Joomla 3 здесь

Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ

 Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 дар заминаи Шӯъбаи давлат ва ҳуқуки Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1992 аз Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти фалсафа дода шуда буд (1992-2005) ва Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2006-2011) таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро доктори илмҳои ҳуқуқ Буриев И.Б. ба зимма дорад.

Он нисбат ба шӯъбаҳои дигари бахши ҳуқуқ таърихи тулонитар дорад. Нахустин шӯъбаи ҳуқуқшиносии академӣ  - Шӯъбаи давлат ва ҳуқуқ дар Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида ба фаъолият шурӯъ мекунад. Соли 1991/92 бо кушиши мақомоти давлатӣ ва Раёсати ҳамонвақтаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муттаҳид намудани бахши фалсафа ва Шӯъбаи давлат ва ҳуқуқ Институти фалсафа ва ҳуқуки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад. Шӯъба дар ҳайати Институти мазкур то соли 2005 фаъолият намуд. Дар таҳқиқоти мавзуоти гуногуни илмӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос академик Тоҳиров Ф.Т., профессорон Менглиев Ш.М, Раҳимов М.З., Имомов А.И., номзадҳои илм М.С. Ҳайдарова, Буриев И.Б., Носиров Х.Т., Ғаюров Ш.К., минбаъд Гадоев Б.С., Маликова А.Ҳ. ва дигарон саҳми худро гузоштаанд.

Бо таъсиси Институти давлат ва ҳуқуқ Шӯъбаи мустақили таърихи давлат ва ҳуқуқ ба фаъолият шурӯъ намуда, заминаи ташкили шӯъбаҳои нав – Шӯъбаи ҳуқуқи давлатӣ ва Шӯъбаи ҳуқуқи хусусӣ ва муқоисавӣ мегардад. Соли 2010 дар заминаи мутахассони Шӯъба, Шӯъбаи ҳуқуки исломӣ ташкил гардид, ки то декабри соли 2014 фаъолият мекард ва минбаъд декабри соли 2014 барҳам дода шуда, кормандони он ба Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқ интиқол дода шуд.

Дар Шӯъба ҳамагӣ 10,5 басти корӣ мавҷуд буда азҷумлаи ходимони илмӣ ду нафар доктори илм (мудири Шӯъба И.Б. Буриев,  сарходими илмӣ Маҷидзода Ҷ.З.(0.5 баст)), ду нафар ходимони пешбар (Ҳамроев Ш.С., Абдулхонов Ф.М.), ходими калони илмӣ (Расулов Ф.М.), ходими хурди илмӣ, н.и.ҳ. (Мирзоев С. (0.5. баст), ходимони хурди илмӣ (Назаров Д., Сафаров О.Д., Кенҷаев Ҳ.Н., Холинова М., Наботов М. (0.5 баст) мебошанд.

Ҳамагӣ ба кори илмӣ - тадқиқотӣ ва таҳияву нашри маҳсули илмӣ машғул мебошанд.

Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт соли 2015 оид ба ду мавзӯи илмии тадқиқотӣ 1) "Хусусиёти амали ниҳодҳои ҳуқуқи дар таърихи давлатдории тоҷикон (2013-2017) ва 2) Масоили ташаккул ва амали принсипҳои ҳуқуқи ислом ва аҳамияти он дар рушди таълимоти ҳуқуқи ва қонунгузории муосир (2015-2019) таҳқиқот мебарад. Бо таъсиси Институт мавзӯъи нави тадқиқотии Шӯъба аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ки таҳқиқи он аз соли 2008 оғоз мегардад.

Дар давоми солҳои фаъолият аз ҷониби ходимони илмии Шӯъба як қатор корҳои таҳияву чопӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯаи мақолаҳо ва мақолаҳои зиёд дар маҷаллаҳои илмӣ  нашр гардидаанд.

Аз ҷониби ходимони илмии Шӯъба чунин корҳои табъу нашр ба анҷом расонида шудааст: Маҷаллаи Академии ҳуқуқ. 2012-2014 аз ҷониби И.Б. Буриев таҳия гардидааст; Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014. №1-3, аз ҷониби И.Б. Буриев таҳия шудааст; Буриев И.Б.  Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон. Қисми 1. Душанбе, 2014. 268 с. 16,5 ҷ.ч.; Буриев И.Б дар ҳаммуаллифӣ. Конститутсияҳои Тоҷикистон: пайдоиш ва инкишоф. Душанбе: Дониш, 2014. 837 с. муаллифи боби 1. Рушди ғояҳо ва ниҳодҳои давлатдории таърихии тоҷикон. С.13-63. 3 ҷ.ч.; Зоиров Д.М. Таджики.  От государства Саманидов до суверенной государственности (Историко-правовой анализ). Санкт-Петербург: Рэноме, 2014. 287 с. 17 ҷ.ч.; Зоиров Ҷ.М. Конституции Республики Таджикистан -20 лет. Душанбе: Эрграф, 2014. 152 с. 9,5 п.л.    Ҳамагӣ 46  ҷ.ч. асарҳо нашр намудааст.

Ходимони илмии Шӯъба танҳо соли 2014 ба миқдори зиёда аз 30 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия ва нашр намудаанд, ки ҳамагӣ дар ҳаҷми зиёда аз 14 ҷ.ч. ташкил мекунанд.

Шӯъба дар ташкилу гузаронидани конференсияҳои бахшида ба  Рузи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рузи Парчам  иштироки фаъолона дошт. Ходимони илмии Шӯъба дар кори Шуроҳои дифои рисолаҳои номзадӣ, рисолаҳои докторӣ аъзо буда, фаъолона иштирок менамоянд. Ходимони илмии Шӯъба дар машваратҳои Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои умумии Академияи илмҳо ва Шуъбаи ҷамъиятшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ходимони илмии Шӯъба танҳо дар соли 2014 иштирокчии зиёда аз 30  конфронс, симпозиум, семинар ва машваратҳо буданд.

Буриев И.Б. бо нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.

Ходимони илмии Шӯъба дар тарғибу ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, Паёми Президенти кишвар, ҷараёни интихоботи соли 2015 фаъолона иштирок дошта, Маҷидзода Ҷ.З. вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буриев И.Б. вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардида дар ин самт низ фаъолона кор мебаранд.

Шӯъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ низ яке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор рафта соли 2014/15 зери роҳбарии ходимони илмии Шӯъба  ҳамагӣ 1 аспиранти рӯзонахон, 2  ғоибона,  7 унвонҷуй ва унвонҷуёни хориҷӣ тадқиқот мебаранд.

фотоБУРИЕВ Имонқул Бозорович

Мудири Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон –доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент.

26 марти соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1985 хатм намудааст. Соли 1988 ба Донишкадаи давлатии омузгории ш.Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда соли 1993 Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷураевро (ҳоло Донишгоҳи давлатии омузгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) бо дипломи аъло хатм намудааст.

Солҳои 1993 то 2005 дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири Шӯъбаи давлат ва ҳуқуқ кору фаъолият кардааст.

Хамзамон солҳои 1993-1996 дар Аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст.

Рисолаи номзадиро дар мавзуи "Амали ҳуқуқи мусалмонӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ (асри VIII- ибтидои асри ХХ)" аз рӯи ихтисоси 12.00.01 – Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат 4 июни соли 1998 дифоъ кардааст.

Солҳои 2006-2011 дар вазифаи муовини Директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм кор кардааст.

Рисолаи докториро дар мавзӯи "Ташаккул ва рушди ниҳодҳои давлатдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон (марҳилаи тошуравӣ)" дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия (шаҳри Маскав) 16 феврали 2010 дифоъ намудааст.

Айни ҳол, дар вазифаи мудири Шӯъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз моҳи апрели соли 2011) кор мекунад.

Барои дастовардҳои илмӣҷиҳати рушди илми таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон бо чунин мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст: 

1) Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (с.2000);

2) Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ (с. 2000);

3) Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2005);

4) Нишони фахрии "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шудааст.

Муаллифи зиёда аз 140 асари илмӣ, аз ҷумла 4 монография,  2 луғатнома, 1 луғати тафсирӣ, 8 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, корҳои таҳрирӣ, боқимонда мақолаҳои илмию тақризҳо мебошад.

Асарҳои муҳимтарини муаллиф: "Амали ҳуқуқи мусалмонӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ (асри VIII – ибтидои асри ХХ". (Душанбе, 1999. 206 с. ба забони русӣ); "Баъзе масоили мақоми ҳуқуқии мансабдорони давлатӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ" (Душанбе: Ирфон, 2005.); Ташаккул ва рушди ниҳодҳои давлатдорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон (марҳилаи тошуравӣ). (Душанбе: Ирфон, 2008. 294 с.); Ниҳодҳои судии давлатдории тошуравии Тоҷикистон (Душанбе: Ирфон, 2010. 188 с.) ва китобҳои дарсии "Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон қисми 1" ба забони тоҷикӣ (Душанбе, 2000, 2007, 2013, 2014) ба забони русӣ (Душанбе, 2007) "Таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ" (Душанбе, 2002), " Масоили назарияи умумии ҳуқук ва давлат" (Душанбе, 2003).

Буриев И.Б. узви Шӯрои муттаҳидаи дифои диссертатсияҳои номзадӣ ва доктории назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДМТ ва ДРТС (аз соли 2008 то имруз) аз рӯи ихтисосҳои 12.00.01 ва 12.00.03 мебошад.

Ҳамзамон ба ҳайси муовини Сармуҳаррири "Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ" (ҳоло "Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон") (аз с.2003 то имруз), Муовини Сармуҳаррири "Маҷаллаи Академии ҳуқуқ" (аз соли 2012 то имруз), узви ҳайати таҳририяи "Ахбори Шуъбаи илмҳои ҷомеъашиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (с.1996 то имруз) фаъолият мебарад.