Лого
 

Сектори таҳқиқотҳои сотсиологӣ (аз соли 1991 шуъбаи сотсиология) соли 1967 дар назди шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки то охирҳои солҳои 90 –уми асри гузашта ягона маркази таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар ҷумҳурӣ буд. Дар мавриди таъсис додани сектори таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ягон мутахассиси соҳаи сотсиология вуҷуд надошт. Мудири сектор номзади илми фалсафа, мутахассиси соҳаи материализми таърихӣ ва коммунизми илмӣ Выборнова Валентина Васильевна интихоб шуда буд.

Дар солҳои 1970 - 1990 масъалаҳои асосии таҳқиқотии сектори сотсиология аз инҳо иборат буданд: таҳлили ҷиҳатҳои назарӣ ва амалии меҳнат дар ҷамъияти сотсиалистӣ (Выборнова В.В.); омилҳои моддӣ ва маънавии фаъолияти меҳнатӣ дар истеҳсолоти саноатӣ ва ҳавасмандкунии меҳнат (Ғуломов О.); масъалаҳои иҷтимоӣ – психологии мутобиқшавии коргарон ба шароити корхонаи саноатӣ  (Сулеймонов Л.); омилҳои иҷтимоии ташаккули муносибатҳои коллективӣ (Газарян В.Г.); худмуайнкунии касбӣ ва иҷтимоии ҷавонон (Ш.Шоисматуллоев); инкишофи муносибатҳо байни миллатҳо дар шароити сотсиализми муттарақӣ (Саидов М.); мавқеи зан дар ҷомеа (С.Чорубкашов); системаи таълимот (Г.Каҳоров); нақши оила дар такрористеҳсоли сохтори иҷтимоӣ ( И.И.Шляхтенко, Е.А.Петрова).

Натиҷаҳои таҳқиқотҳои дар ин давра гузаронидашуда дар чунин асарҳо инъикос ёфтанд: маҷмӯаи мақолаҳо «Масъалаҳои тараққиёти иҷтимоӣ». Муҳарири масъул В.В.Выборнова. Душанбе, 1975. 140 с. (Муаллифон: В.В Выборнова, О.Гуломов, Л.Сулейманов, В.Г.Газарян, Ш,Шоисматуллоев); маҷмӯаи мақолаҳо «Фаъолнокии иҷтимоии коргарони корхонаҳои саноатӣ». Муҳаррири масъул В.В.Выборнова. Душанбе, 1984. 180 с. (Муаллифон: В.В.Выборнова, Т.Раҳмонов, О.Гуломов, В.Г.Газарян, Ш.Шоисматуллоев, С.Чорубкашов, И.И.Шляхтенко, И.Салохитдинов);  Ғуломов О. Омилҳои фаъолияти меҳнатӣ. Душанбе, 1976. 10 ҷ.ч.; Выборнова В.В. Масъалаҳои назариявии инкишофи меҳнати сотсиалистӣ. Душанбе, 1981. 270 с.; Газарян В.Г. Омилҳои иҷтимоии инкишофи муносибатҳои коллективӣ. Душанбе, 1986. 236 с.;  Ш.Шоисматуллоев. Ибтидои роҳ: насл бо маълумоти миёна. М.: Наука, 1989 (Хаммуаллиф), 15 ҷ.ч. ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ.

Дар  солҳои 90-ум  вобаста ба тағйиротҳои дар ҷомеа ба вучуд омада шуъбаи сотсиология ба омӯзиши масоили вобаста ба дигаргунсозиҳо дар сохтори иҷтимоии  ҷомеаи Тоҷикистон  таҳқиқотҳо амалӣ менамояд.  Новобаста ба он, ки таҳқиқотҳои сотсиологӣ маблағгузорӣ намешуданд,  шуъбаи сотсиология тавонист якчанд барномаҳои таҳқиқотиро амалӣ кунад, ки пеш аз ҳама, ба омӯзиши ҷамияти баъдикоммунистӣ равона шуда буданд. Аз он ҷумла таҳқиқи масъалаҳои ташаккули муносибатҳои бозоргонӣ дар ҷумҳурӣ, дигаргунсозиҳо дар сохтори иҷтимоӣ, тағйиротҳо дар шуур ва психологияи аҳолӣ,  муносибатҳои гендерӣ ва ғайра. Натиҷаҳои ин таҳқиқотҳо дар асарҳои зерин баррасӣ гардидаанд: Ш.Шоисматуллоев. Характери интернатсионалии худмуайянкунии ҳаётии ҷавонон. Душанбе, 1992 г. 268 с. (ҳаммуаллиф); Ш.Шоисматуллоев. Роҳои ҳаётии як насл. М.: Наука, 1992. 246 с. (ҳаммуаллиф): Ш.Шоисматуллоев. Насл дар системаи таълимот. Душанбе, 1999. 140 с.; Афкори иҷтимоӣ ва тағйирёбии иҷтимоии ҷамъият. Душанбе, 1997. 210 с.

Дар солҳои 2000 – ум масъалаи асосӣ барои шуъбаи сотсиология  ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисос  на фақат барои шуъба, инчунин  барои макотиби олӣ  буд. Аз охирҳои солҳои 90 –ум сотсиология ҳамчун предмети дарсӣ дар мактабҳои олӣ  ҷорӣ шуд, вале омӯзгори соҳибихтисос қариб ки вуҷуд надошт.  Шуъбаи сотсиология тавонист дар муддати хеле кӯтоҳ  (камтар аз 10  сол)  10 номзади илмро ба воя расонад, ки аксарияти  онҳо омӯзгорони  мактабҳои олӣ  мебошанд.

Дар солҳои 2000 –ум шуъбаи сотсиология ба омӯзиши масъалаҳои ҳаётии ҷомеа - оқибатҳои иҷтимоии дигаргунсозиҳо ва азнавсозиҳо,  табақабандӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон таҳқиқот мебурд ва бурда истодааст. Натиҷаҳои таҳқиқотҳо дар чунин монографияҳо ва китобҳо ба хонанда пешниҳод шудаанд: Ш.Шоисматуллоев. Зан ва нашъа. Душанбе, 2001. - 67 с.; Ш.Шоисматуллоев. Маълумоти духтарон. Душанбе, 2003. - 60 с; Ш.Шоисматуллоев. Зуроварӣ нисбати зан: дирӯз ва имрӯз. Душанбе, 2005, - 247 с.; Ш.Шоисматуллоев. Тоҷикистон дар оинаи пайдарпаӣ ва ивазшавии наслҳо. Душанбе, 2006.- 320 с.;   Хайдаров  Р. ДЖ. Тарққиёти Тоҷикистон дар даврони ҷаҳонишавӣ. Душанбе, 2006. - 190 с. Ҳайдаров Р. Тоҷикистон дар мадори ҷараёнҳои ҷаҳонишавӣ ва геполитикӣ.  Душанбе, 2005. 152 с. Абдусалямова М.Н., Қуватова А.А. Гендер ва техника. Маводи таълимӣ. Душанбе, 2005. 115 с. Абдусалямова М.Н., Қуватова А.А. Таълими гендер дар  факултаҳои донишгоҳҳои техникӣ ва табиатшиносӣ. Душанбе, 2005. 4 ҷ.ч. Тараққиёти манотиқи кӯҳӣ: масъалаҳо ва дурнамо. Душанбе, 2006. 62 с.; Ҷамъияти муосири Тоҷикистон: равандҳои дигаргунсозиҳо. Душанбе, 2011. 210 с.

Мудирони шуъба   (то  соли 1991 сектор) - и сотсиология:

Солҳои 1967 – 1988 - Выборнова Валентина Васильевна – доктори илмҳои фалсафа;

Солҳои 1988 – 1993  -  Шоисматуллоев Шоназар – номзади илмҳои фалсафа;

Солҳои 1993 – 2001 – Қуватова Алла Ардаевна – номзади илмҳои фалсафа;

Аз  соли 2001 – то имрӯз – Шоисматуллоев Шоназар– доктори илмҳои сотсиология, профессор

Кадрҳои илмӣ ва тайёр кардани онҳо

Дар шуъба дар соли 2015  6  корманди илмӣ фаъолият доранд, аз ҷумла 1 доктор ва 4 номзади илм.

Шоисматуллоев Ш. – мудири шуъба, рисолаи докториро дар соли 2000 -ум дар Институти сотсиологияи Академияи илмҳои Федератсияи Россия дифоъ намудааст.

Қаҳоров Г. – ходими калони илмӣ, рисолаи номзадиро соли 1988 дар Институти сотсиологияи АИ СССР дифоъ намудааст.

Калонов А.  – ходими калони илмӣ, рисолаи номзадиро соли 2000-ум дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намудааст.

Бекназарова Г.Э. – ходими пешбари илмӣ, рисолаи номзадиро дар соли 2006 дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намудааст.

Насурова Б. – ходими калони илмӣ, рисолаи номзадиро соли 2012 дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дифоъ намуд.

Баҳромбеков В.А. – ходими калони илмӣ, рисолаи номзадиро соли 2006 дифоъ намудааст.

Миров Фируз – ходими калони илмӣ.

Қодиров З. –ходими хурди илмӣ.

Шарипова Г. – лаборанти калон.

Дар шуъба 1 аспиранти рузона ва 1 магистр таҳсил мекунанд.

Мавзӯи илмии шуъба барои солҳои 2014 -2018 «Омилҳои иҷтимоӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии азнавсозиҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон: ҳолат, масоил ва дурнамо».