Лого
 
Здесь нашел интересный обзор

Таърихи шӯъбаи сиёсатшиносӣ

Дар бораи кушодани шӯъбаи сиёсатшиносӣ дар суратҷаласаи №12 шӯрои илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар таърихи 26 декабри соли 2003  қарор дар бораи муроҷиат ба Раёсати АИ ҶТ дар бораи кушодани шӯъбаи сиёсатшиносӣ қабул шуда, баъдан дар ҷаласаи Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ, ки дар таърихи 17.01.2004 гузаронида шуда дар он ҳузур доштанд: М.Диноршоев, Ғ. Ашуров, Қ. Расулов, Р. Каримов ва Ф. Тоҳиров. Баромадкунандагон дархости Институти фалсафа ва ҳуқуқро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, изҳори ақида намуданд, ба Раёсати АИ ҶТ Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ барои ташкил додани Шӯъбаи сиёсатшиносӣ дар сохтори Институти фалсафа ва ҳуқуқ тавсия пешниҳод шавад. Ва дар таърихи 13.01.2004 дар ин бора мактуби расмӣ аз номи академик М. Диноршоев ба Раёсати АИ ҶТ фиристода шудааст.

Мавзӯи аввали  панҷсола дар шӯъбаи сиёсатшиносӣ, ки  дар муддати солҳои 2004-2008 мавриди омӯзиш қарор гирифта буд, «Масоили иҷтимоӣ-сиёсии рушди устувори ҷомеаи тоҷик» мебошад. Самти асосии таҳқиқоти илмӣ дар соли 2004 мавзӯъи: «Мақом ва нақши ҳокимияти сиёсӣ дар рушди ҷомеаи тоҷик» дар соли 2005 «Масоли ташаккулёбӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ дар Тоҷикистон», дар соли 2006 «Нақши худшиносии миллӣ дар таҳкими истиқлоли ҳокимияти сиёсӣ», дар соли 2007 «Истиқлоли ҳокимияти сиёсӣ ва масоили ташаккулёбии худшиносии миллӣ дар Тоҷикистони муосир», дар соли 2008 «Манфиатҳои геополитикии давлатҳои хориҷии дуру наздик дар Тоҷикистон» мебошад.

Мавзӯи дуюми  панҷсола дар шӯъбаи сиёсатшиносӣ, ки  дар муддати солҳои 2009-2013 мавриди омӯзиш қарор гирифта аст, «Равандҳои сиёсӣ ва масоили такомули ниҳодҳои сиёсии ҷомеаи тоҷик» мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқотҳои илмии солона дар ин давра чунин аст: Дар соли 2009, «Масоили ғоявию назариявии таҳкими низоми сиёсии ҷомеаи тоҷик», дар соли 2010 «Пешомади афзудани нақши ҳокимияти сиёсӣ дар демократикунонии ниҳодҳо ва равандҳои ҷомеаи тоҷик», дар соли 2011 «Рушди институти бисёрҳизбӣ ва низоми интихоботӣ ҳамчун омилҳои мусоиди рушди равандҳои сиёсӣ дар ҷомеа», дар соли 2012,  «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии демократикунонии институтҳо ва равандҳои сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик», дар соли 2013, «Ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва тафаккури сиёсӣ-шарти муҳими такомулёбии институтҳо ва  равандҳои ҷомеаи тоҷик» мебошад.

Мавзъи сеюми панҷсолаи шуъбаи сиёсатширносӣ, ки дар муддати солҳои 2014-2018 мавриди ом.зиш қарор гирифта истодааст чунини ном дорад «Хусусиятҳои раванди сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ». Самтҳои асосии таҳқиқотҳои илмии солона дар ин давра чунин аст: соли 2014, «Таҳкими заминаҳои назариявӣ-методологии равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ҷомеъаи муосир»  дар соли 2015, «Мақом ва нақши ниҳодҳои сиёсӣ дар рушди босуботи равандҳои сиёсӣ», дар соли 2016, «Мақом ва нақши сиёсати иттилоотӣ дар таҳкими амнияти миллии ҷомеаи тоҷик дар шароити ҷаҳонишавӣ», дар соли 2017, «Мақом ва нақши ниҳоди сарварӣ дар идоракунӣ ва рушди равандҳои сиёсӣ», дар соли 2018, «Вазъи воқеӣ ва дурнамои равандҳои сиёсии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» мебошад.

Натиҷаҳои асосии илмие, ки дар тули ин се панҷсола  ба даст оварда шудаанд, иборатанд аз:

табиат, сохтор ва вазифаҳои худшиносии миллӣ, ҷанбаҳои таркибии он аз қабили шуури этникӣ ва миллӣ, умумият ва махсусият, миллатгароӣ ва патриотизми миллӣ, манфиатҳои миллӣ  ва идеологияи миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва психологияи миллӣ ошкор карда шуданд;

бори аввал муносибати нави методологӣ ба омӯзиши масъалаҳои худшиносии миллӣ ва дурнамои ташаккули он ворид карда шуд;

масъалаи истиқлолият дар доираи ҳуқуқӣ таҳлили назариявӣ карда шуд, аз назари сиёсатшиносӣ аҳамияти ислоҳот дар доираи ҳуқуқии кишвар баҳогузорӣ гардид, ҷанбаҳои асосии таъмини низоми меъёрҳо ва принсипҳои алоқаманд бо амали босуботи давлат омӯхта шуд;

масъалаи таъмини плюрализми сиёсӣ  ва амалигардонии ҳуқуқҳои инсон бо роҳи фаъолияти қонунгузорӣ  ва созмондиҳии мақомотҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва инчунин худидораи маҳаллӣ дида баромада шуданд;

асосноксозии хулосаҳо оид ба дурнамои ташаккули таълимоти мукаммалгардонии истиқлолият дар шароитҳои муосири сиёсии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд;

таҳлили назариявӣ-методологии  масъалаҳои ҷомеапазирии сиёсӣ, хусусиятҳо, масъалаҳо, дастовардҳо ва зиддиятҳои ҷомеапазирии сиёсӣ дар Тоҷикистон гузаронида шуд;

мақом ва нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар низоми сиёсии ҷомеа ошкор карда шуда, пешниҳодоти мушаххасе баҳри фаъолияти босамари онҳо нишон дода шудааст;

ҳадафҳои аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеаҳои имрӯза, хусусан ҷомеаи демократӣ, қайд гашта, ҳамчунин нақши аҳзоби сиёсӣ дар ташаккули низоми демократӣ дар Тоҷикистони муосир нишон дода шудааст;

масъалаҳои назариявӣ ва амалии раванди барпогардии давлатдориии шӯравӣ дар ҷомеаҳои дорои аҳолии мусулмон дар асоси таҳлии собиқаи сиёсии Тоҷикистон омӯхта шуданд;

масъалаҳои ташаккули худшиносии миллӣ дар чаҳорчӯбаи давлатсозии Тоҷикистон омӯхта шуданд;

ошкор кардани шароит, ҳолат ва дурнамои раванди таъмини рушди устувори сиёсии ҷомеаи тоҷик, ташаккулёбии худшиносии миллӣ дар шароити истиқлолияти давлатӣ;

муайян намудани хусусиятҳои баҳамалоқаманди худшиносии миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ;

асоснок кардани мафҳуми нави шаҳрвандият (гражданственности): нишон додани роҳҳои мувофиқанамоии он бо амалияи сиёсӣ, ошкор кардани вобастагии тарафайни ҷанбаҳои ҷудогонаи  ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раванди ташаккулёбии худшиносии миллӣ;

дар  асоси вазифаҳо ва масъалагузориҳо тавсияҳои илмӣ роҷеъ ба роҳу воситаҳои минбаъдаи таҳкими соҳибихтиёрии давлати миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар ва таъмини рушди устувори сиёсии ҷомеа таҳия шудааст.

Дар шӯъбаи сиёсатшиносӣ докторони илми фалсафа: Маҳмадҷонова М.Т.,( мудири шӯъба), Хидирзода М.У.,(сарходими илмӣ) ва Саидов А.С. (ходими пешбари илмӣ) фаъолият менамоянд. Ҳамчунин номзадони илм, Ҳакимов Р.М., н.и.с. (ходими пешбари илмӣ), Абдураҳмонов А., н.и.с. (ходими калони илмӣ), ходими хурди илмӣ дар шӯъба Ким Виктор Михайлович ва Муродов С.А. кор ва фаъолият мекунанд.

Дар тули фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар шӯъба ба миқдори 14 монографияҳои инфиродию  колективӣ ва зиёда аз 70 мақолаҳо ба табъ расидааст.

Тамоми кормандони шӯъба ба таври фаъол ба омӯзиш ва таҳқиқи мавзӯҳои илмӣ машғул буда дар конфронсу семинарҳо, барномаҳои мубодилаҳои илмӣ ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар машғул ҳастанд.

Доктори илмҳои фалсафа, Ҳайдаров  Рустам Ҷурабоевич мудири шӯъбаи сиесатшиносии Институти фалсафа, сиесатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Ҳайдаров Р.Ҷ.  баъд аз хатми Донишгоҳои миллии Тоҷикистон дар соли 1993, фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба ҳайси лаборант оғоз намудааст. Дар соли 1998  у ба аспирантураи ҳамин институт дохил шуда, онро бо дифои рисола дар мавзуи  «Формирование новых общественных отношений в Таджикистане» бомуваффақият анҷом менамояд  ва соҳиби унвони илмии  номзади илмҳои фалсафа   мегардад. Баъдан  дар шуъбаи сотсиологияи институти мазкур ба ҳайси ходими  илми фаъолияти илмии худро давом додааст.  Ҳайдаров Р.Ҷ . ҳамчун олими ҷавон чандин сафарҳои хориҷиро анҷом додааст. Аз ҷумла   Ҳайдаров Р.Ҷ. ба ҳайси олим-таҳқиқотчӣ дар  солҳои 1998-1999 дар кафедраи сотсиология ва антропологияи Университети  шаҳри Ерланген-Нюрнберги  Германия, соли 2001  дар  Институти омузиши масъалаҳои Ҷаҳонишавии Университети Парис-Лодрони шаҳри Залтсбурги Австрия, солњои 2002-2003 дар  Институти сотсиологияи Университети шаҳри Ганновери  Германия кору фаъолияти илмӣ кардааст.  У   дар ин муддат чандин мақолаи арзишманди илмӣ   бо унвони «Взгляд из Таджикистана на европейскую концепцию глобализации», «Некоторые проблемы сотрудничества центрально-азиатского региона в период глобализации», «К вопросу о развитии таджикского языка в период глобализации» дар маҷаллаи «Известия»и  Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон  ба табъ расонидааст

У дар соли 2004 ба докторантураи  Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    дохил шуда, онро дар соли 2007   бо дифои рисолаи докторӣ дар мавзуи «Влияние процесса глобализации на трансформацию таджикского общества» хатм менамояд. Ҳайдаров Р.Ҷ . муаллифи зиеда аз 50 мақолаи илмӣ ва 2 монография мебошад,ки яке бо номи «Развитие Таджикистана в период глобализации.( -Душанбе: «Ирфон», 2006.) ва дигаре  бо унвони «Таджикистан в орбите глобализационных и геополитических процессов» ( -Душанбе: «Ирфон»,2005.) ба табъ расидаанд.  Таҳқиқоти илмии  Ҳайдаров Р.Ҷ. бештар ба масоили чаҳонишавӣ, муқовимати геополитикии абарқудратҳо,  масълаҳои амнитяти минтақавӣ ва  таҳкими сулҳу субот дар Осиеи Марказӣбахшида шудаанд. 

Муродов Субҳонҷон Абдуқодирович  28  сентябри  соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Солҳои 2006–2011 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ. Солҳои 2012 – 2014 аспиранти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Аз январи соли 2012 лаборанти калони шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон мебошад.

Хидирзода Махфирати Умар 06 сентябри соли 1973 дар  ш. Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1995 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлобро хатм намудааст. Аз соли 1995- то соли 2000 ба сифати ассистенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ фаъолият намудааст.  Солҳои 2000-2005 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба сифати стенографисти Шӯрои диссертационӣ, муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат, дотсенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултаи иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқ фаъолият намудааст. Солҳои 2005-2010, (даъвати сеюм) 2010-2013 (даъвати чорум) Вакили маҷлиси намояндагони маҷлиси олии ҶТ. Аз соли 2012 инҷониб дар шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ходими пешбари илмӣ (ба тариқи шартонома) кор мекунад. Аз 23 ноябри соли 2013 дар вазифаи Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ҳакимов Р.М. 22 майи соли 1957 дар ноҳияи Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Солҳои 1980-1985 донишҷӯи факултаи таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шаҳри Душанбе. Солҳои 1985-1989 ассистенти кафедраи комунизми илмии Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб. Аз соли 1989 то соли 1993 унвонҷӯ ва аспиранти кафедраи комунизми илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Соли 1999 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Омилҳои низоъҳои миллӣ ва дохилимиллӣ дар Тоҷикистон” дифоъ намудааст. Аз соли 2012 инҷониб дар шӯъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ ба сифати ходими калони илмӣ (ба тариқи шартонома) кор мекунад.