Лого
 
Компоненты, модули, шаблоны и другие Расширения Joomla
 Шуъбаи  мазкур дар  Институти  фалсафа,  сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ яке  аз шуъбаҳои аввалин ва хеле  собиқадор  ба шумор меравад. Таъсиси ин шуъба дар соли 1960  аввалин иқдом  барои омӯзиши илмии паҳлуҳои  гуногуни  дин дар фазои  кишвар буд ва  шуъба  тавонист  дар давоми фаъолияташ  таҳқиқотҳои  муҳимеро ба анҷом расонида, инчунин  як  зумра файласуфону  олимони диншиносро тарбия кунад.  Он дар  аввал  «Шуъбаи  атеизми  илмӣ»,  аз соли 1992  «Шуъбаи  таърихи дин ва озодфикрӣ»,  аз соли  1994   «Шуъбаи  таърих ва фалсафаи дин»  ва аз моҳи нобри 2014  «Шуъбаи  масъалаҳои фалсафии дин»  номида  мешавад. Доираи таҳқиқоти шуъба имрӯз асосан омӯзиши дин  ҳамчун  падидаи иҷтимоиву  тарихӣ,  хусусияти шуури динии диниву мазҳабии  шаҳрвандони кишвар,  омӯзиши мероси диниву фалсафии  гузаштагонамон, таҳлили  вазъу  ҳолати воқеии диндорӣ ва пешгӯии он, инчунин ҷойгоҳи андешаи динӣ дар ҷаҳонбинии мардуми минтақа,  дурнамо ва имконияти  наздик намудани арзишҳои  диниву миллии  ҷомеаро  бар асоси манофеи  давлати миллӣ ва ғайраҳоро   дар бар мегирад.
      Дар давоми 15 соли охир шуъба ба таҳқиқу таҳлили мавзӯъҳои зерини илмӣ машғул буд, ки ҳама барои ҳаёти илмиву фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамияти ҳам назарӣ ва ҳам амалӣ доштаанд. Масъалаҳои илмию таҳқиқотии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин дар тули 15 соли охир дар мавзӯъҳои зерин анҷом пазируфтаанд:
Солҳои 2001-2005 «Муносибати байниҳамдигарии дин ва давлат: ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ»;
Солҳои 2006-2010 «Асосҳои назариявӣ ва амалии ислоҳи шуури динӣ дар шароити Тоҷикистон»;
Солҳои 2011-2015 «Ҷаҳоншавӣ (глобализатсия) ва ислом ва  таъсири он ба ҳаёти динии ҷомеаи Тоҷикистон».
Зермавзӯъҳои ин мавзӯъ барои шуъба аз инҳо иборат мебошанд:
  • Соли 2011   - Таҳлили раванди ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои он ба муҳити динии минтақа;
  •   Соли 2012 - Ҷиҳатҳои умумии мухолифат ва мутобиқшавии дин ва ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони муосир;
  •  Соли 2013 - Ислом ва арзишҳои  иҷтимоию маънавии он дар раванди ҷаҳонишавӣ (таҳдидҳо ва дурнамо);
  • Соли 2014 - «Раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он дар таҳаввулёбии шуури динии тоҷикон». 

        Дар ин самт натиҷаҳои зерини илмӣ ба даст оварда шудааст:  Шуури динӣ  ҳамчун яке аз  шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва унсури муҳими  шуури миллии мардуми кишвар дар пайи таъсири раванди ҷаҳонишавӣ таҳаввулоти ҷиддиеро пушти сар намуда, дар он таъсири васоити нави иттилоотӣ, маҳворавӣ, интернет   ва ғайраҳо дар баробари ташкилотҳои динӣ муассир гаштаанд. Сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари минбару масҷид  ба воситаи  муҳими тарғибу ташвиқи ақоиди диниву мазҳабӣ ва аз он ҷумла ғояҳои бегонаи динӣ  табдил меёбанд. Зери таъсири ин омилҳо шуури динӣ баъзе хусусиятҳои фаромазҳабиву фаромиллиро ба худ касб намуда истодааст, ки ин барои ҷомеаи мо пайомади хуб надорад. Дар баробари ин, раванди муҳоҷират ҳам ба таҳаввулёбии тафаккури динӣ таъсири мутаноқиз мерасонад.

Дар шуъба    5-нафар ходими илмӣ  ва як лаборант кор мекунанд: 

  1. Мирзоев Ғ.Ҷ. – мудири шуъба, номзади илмҳои фалсафа;
  2. Абдуллоев Ш. – ходими калони илмӣ, номзади илмҳои фалсафа;
  3. Зокиров Н. – ходими калони илмӣ, номзади илмҳои фалсафа;
  4. Виркани М. – ходими илмӣ;
  5. Камолова Х. –  ходими калони илмӣ, номзади илмҳои фалсафа (нимбаст, шартномавӣ).

      Мавзӯи панҷсолаи  шуъба: «Ҷаҳонишавӣ (ҷаҳонишавӣ)  ва  ислом» Мавзӯи  шуъба  барои соли ҷорӣ  (2015):   «Самтҳои  тағйирёбии  вазъи   динии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» («Динамика религиозной ситуации Таджикистана в условиях глобализации»). Нақшаи  фардии   корҳои илмӣ – таҳқиқотии  ходимони илмии  шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин барои соли 2015:

1) Мирзоев Ғ. – мудири шуъба: «Самтҳои тағйирёбии ҳаёти дохилидинии Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ ва муносибатҳои ҷаҳонишавӣ». («Динамика внутрирелигиозной жизни Республики Таджикистан в условиях независимости и глобализационных отношений»).

Муҳити динии Тоҷикистон ва муносибати он бо арзишҳои милливу давлатӣ дар замони истиқлолият;

Таркиби доираи рӯҳонияти тоҷиқ ва ҷойгоҳи васоити иттилооти ҷаҳонишавӣ дар фаъолияти онҳо;

Тамоюлҳои муҳити динӣ дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон

2) Абдуллоев Ш. –ходими калони илмӣ: «Таносуби дунявият, миллият ва диният дар шароити ҷаҳонишавӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон).

- Вазъияти имрӯзаи муносибати дину давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  таъсири  омилҳои ҷаҳонишавӣ ба он;

- Ҷиҳати назариявии созгории миллият, диният ва дунявият аз дидгоҳи ислом ва  манофеъи миллӣ;

- Селуляризми сиёсӣ аз дидгоҳи рӯшанфикрони исломӣ.

3) Зокиров Н. – ходими калони илмӣ: «Хатарҳои ҷаҳонишавии экстремизми динӣ ба Тоҷикистони имрӯза ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ». («Угрозы глобализации религиозного экстремизма современному Таджикистану»).

- ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва омилҳои сар задании падидаҳои ифротгароӣ  дар он;

- хусусиятҳои таъсири ифротгароии динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон;

- мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар даврони муосир ва хусусиятҳои он;

- ҷанбаҳо, хусусиятҳо ва роҳҳои  таъсири  хатарҳои экстремизми динӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ.

4) Виркани М. – ходими илмӣ: «Таъсири равандҳои геополитикӣ ба вазъи динии Тоҷикистони муосир»(«Влияние геополитических процессов на религиозную ситуацию Республики Таджикистан»).

- дин дар раванди геополитикии давлатҳои абарқудрат ва минтақавӣ;

- вазъи динии Тоҷикистони муосир дар партави равандҳои геополитикӣ.

5) Камолова Хосият – ходими калони илмӣ (нимбаст шартномавӣ): «Ҳамкорӣ ва муносибати тарафайни ташкилотҳои динӣ бо давлат дар раванди ҷаҳонишавӣ (дар асоси маводи Тоҷикистон)». («Взаимодействие и взаимотношения релегиозных организаций и государства  в условиях глобализации( на  материалах Таджикистана»)

заминаҳои ҳуқуқии муносибати дину давлат дар қонунгузорӣ ва ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистон;

- мафҳум ва сохтори ташкилотҳои динӣ дар Тоҷикистон;

- нақши ташкилотҳои динӣ дар ҳаёти мазҳабӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон.

МУДИРИ ШУЪБАИ  МАСЪАЛАҲОИ  ФАЛСАФИИ  ДИН

Номзади илмҳои  фалсафа

Мирзоев  Ғаффор  Ҷабборович

фотоМирзоев Ғаффор Ҷабборович (18.01.1964) мактаби таҳсилоти умумиро соли 1981 хатм намуда, аз моҳи майи соли 1982 то соли 1984 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ хизмат кардааст. Баъди хатми хизмат соли 1984 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултаи шарқшиносӣ, бахши  забон ва адабиёти араб дохил  шуда, онро соли 1989  бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 1989 то соли 1991 ба сифати тарҷумони забони арабӣ дар ҳайати Вазорати дифои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ифои вазифа намудааст. Соли 1992  ба сифати лаборанти калони Институти  фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба кор шуруъ карда, охири ҳамин сол ба ба аспирантураи  ҳамин  институти илмӣ  дохил мешавад ва то соли 1996 дар он таҳсил менамояд. Аз соли 1996 то соли 1999 дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ чун ходими илмӣ  ва  ҳамзамон дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз фанни таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи тибб, илми ахлоқ ва ғайраҳо  дарс додааст. Аз соли 2000-ум то 2002-юм дар ширкати  «Мосэнергомонтаж»-и Россия дар Ҷумҳурии Ироқ  ба сифати тарҷумони  забони арабӣ ва русӣ кор кардааст.

Аз соли 2002 минбаъд дар Шуъбаи таърих ва фалсафаи дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар вазифаҳои ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ кор кардааст. Аз соли 2010 –ум вазифаи мудири ин шуъбаро ба уҳда дорад. Ҳамчунин, аз соли 2009  то соли 2014 раиси Кумитаи Иттифоқи Касабаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқро низ бар  дӯш дошт.

Ғ.Мирзоев соли 2009 рисолаи номзадияшро дар мавзӯи «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)» аз рӯи ихтисоси 09.00.14- диншиносӣ, фалсафаи фарҳанг ва инсоншиносии фалсафӣ ҳимоя намуда, феълан дар соҳаҳои мухталифи масоили назариявии диншиносӣ ва фалсафаи дин  таҳқиқот мебарад. Инчунин, теъдоди назарраси корҳои таҳқиқотии ӯ чун «Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон» ва мақолаҳои илмияш ба чоп расидаанд, ки дар онҳо муаллиф масоили гуногуни фалсафӣ-диншиносӣ аз қабили хусусияти шуури динӣ дар раванди тағйиротҳои иҷтимоӣ, таносуби арзишҳои динӣ ва миллии тоҷикон, дин  ва масоили миллатсозӣ, ислоҳ ва навсозии шуури динӣ ва амсоли онҳоро таҳқиқ намудааст. Намунаи асосии таҳқиқотҳояш инҳо мебошанд:

1) «Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик (гузашта ва имрӯза)». – Душанбе, 2009. –152 с.

2)  «Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон».– Душанбе: «Дониш», 2011. –122 с.

3)  «Таърихи динҳо» (Китоби дарсӣ  барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону увонҷӯён). –Душанбе: «Дониш», 2014. –375 с. (ҳаммуаллифӣ)

4) «Олами ислом  ва ҷаҳонишавӣ: муқовимат ва ҳамгироӣ» //  Паёми Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон. –2014. – № 3-4. –С. 245-252.

5) «Нақш ва ҷойгоҳи дин дар ҳаёти  муҳоҷирони меҳнатӣ» // Ахбори АИ ҶТ, силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ. –2014. –№1-2. –С.46-53.

6) «Таносуби арзишҳои динӣ ва  миллӣ дар ҳуввияти тоҷикон» // Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. –2012. –№2-3. –С.62-68. 

Дар давоми фаолияти илмӣ ва амалияш чандин маротиба ба граммотаву ифтихорномаҳо, аз он ҷумла ба «Ифтихорномаи Академияи илмҳои ҶТ» сарфароз шудааст. Айни замон, дар баробари мудири шуъба будан, вазифаи котиби илмии Шӯрои диссертационии Д047.019.02 аз рӯи ихтисоси: 09.00.14-ро ба  ӯҳда дорад.

Намунаи  таҳқиқотҳои  шуъба ва таълифоти асосӣ, ки ба  мавзӯъҳои нақшавӣ робита доранд ва дар тули ду соли охир ба нашр расидаанд, ба таври зайл аст:

Китобҳо ва монографияҳо:

  1. Таърихи динҳо. Китоби дарсӣ  барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону увонҷӯён. –Душанбе: «Дониш», 2014. -375 с. (муаллифон коллективи кормандони шуъба); 
  2. Абдуллоев  Ш.  Муқаддимаи фалсафа. – Душанбе: «Дониш», 2014. -500 с.
  3. Мирзоев Ғ.Ҷ.  Вижагиҳои таҳаввули  шуури динӣ- исломии тоҷикон. – Душанбе: «Дониш», 2012. -125 с. ( ба забони русӣ)

Мақолаҳои  илмӣ-таҳқиқотӣ:

  1. Абдуллоев Ш. Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди модели дунявии давлати миллӣ // Маҷаллаи «Дин ва ҷомеа». (Кумитаи дини назди Хукумати ҶТ). –2014. –№ 1. (2,5 ҷузъи чопӣ)
  2. Абдуллоев Ш. Баррасии  муқоисавии дин ва  давлат // Дин ва давлат: ҷустуҷӯи роҳҳои беҳтари ҳамкорӣ. –Душанбе, 2005. –С.95-117.
  3. Абдуллоев Ш. Место и роль ислама в процессах демократизации общества в современном Таджикистане // Центральная Азия и культура мира. Форум «Культура и религия в Центральной Азии». –Бишкек, 2009. -С.16-17.
  4. Мирзоев Ғ.Ҷ. Таносуби андешаи миллӣ ва динӣ // Ҷумҳурият, №141(22278). 24.10 2013.
  5. Мирзоев Ғ.Ҷ. Наврӯз сарвати миллӣ аст ва  бо арзишҳои исломӣ зид нест // Миллат, №498. 19.03.2014.
  6. Мирзоев Ғ. Ҷаҳоне якзабон натвон шуд аз ҳаррангдиниҳо // Озодагон, №38,  2012.
  7. Мирзоев Г. Религиозные противоречия к единству не приведут // Азия плюс, №121. 12.01.2013. 
  8. Мирзоев Г.Дж. Процесс  глобализация и исламские религиозные ценности: проблемы и адаптация // Журнал «Социально-политические науки». –2012. –№1. -С.18-27.
  9. Мирзоев Ғ. Самтҳои муҳими таълими асосҳои фарҳанги  динӣ дар низоми маорифи  давлати  дунявӣ // Маводҳои конфронс-семинари байналмилалии  намояндагони ИДМ дар мавзӯи «Дурнамои инкишофи маърифати маънавӣ – назаре ба оянда» (Университети давлатии забоншиносии  Москва). –Москва, 2013. (18-19.06.2013). 
  10. Мирзоев Ғ. Нақш ва ҷойгоҳи дин дар ҳаёти  муҳоҷирони меҳнатӣ // Ахбори АИ ҶТ, силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ. –2014. –№1. – С. 46-53.     
  11. Мирзоев Ғ. Олами ислом  ва ҷаҳонишавӣ: муқовимат ва ҳамгироӣ //  Паёми Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон. –2014. –№ 3. –С.245-252. (дар ҳаммуаллифӣ)
  12. Мирзоев Ғ. Диншиносӣ илм аст ва онро аз теологияву атеизм фарқ бояд кард // «Имрӯз  news».  № 260-261, 08.05.2014;   12.05. 2014 
  13. Мирзоев Ғ. Омилҳои ваҳдатсоз ва ваҳдатшикани фарҳанги мо // Озодагон. №64. 24.06.2012. 
  14. Мирзоев Ғ., Виркани М.  Таҳаммулпазирӣ адаб аст, на суханпардозии хушку холӣ // «Тоҷикистон». 24.10.2013
  15. Виркани М.  Андешаи  миллӣ ва  мазҳабӣ дар даврони  истиқлол  // Ахбори Академияи илмҳои ҶТ, Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. –2011. –№3. ( дар ҳаммуаллифӣ).
  16. Виркани М.  Баррасии  дидгоҳҳои исломӣ ба масъалаи  инсон ва  аввалин  ихтилофҳо дар ин замина //   Ахбори АИ, Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ. –2010. –№.3.
  17. Виркани М. Масъалаи инсондӯстӣ дар афкор ва аъмоли ИмомиАъзам // Миллат, №40-41, 2009.
  18. Виркани М. Сатр  танҳо  нишонаи иффат  нест //  Ҷумҳурият,  2013,   №54. 
  19. Зокиров Н.М. Раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҷомеаҳои муосир//Ахбори Академияи илмҳои ҶТ. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ, 2013, №2. -С.62-68. 
  20. Виркани М. «Моҳияти ҷашнгирии Соли нав дар чист?». Дар сомонаи интернетии www.islamnews.tj. 21.01.2014, 12.08. 
  21. Виркани М. Моҳият ва  хатари  таълимоти салафия // «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон». –2013. –№3.
  22. Виркани М. Салафияи иртиҷоӣ  // «Имрӯз нюс»,  дар се шумора: 12.06; 14.06; 16.06.13.
  23. Зокиров Н.М. Раванди ҷаҳонишавӣ ва нақши он дар фазои динии кишвар // Традиции и процессы демократизации в Таджикистане. Материалы научно-практического семинара «Внешние и внутренние угрозы национальному суверенитету Таджикистана». Душанбе, 12 сентября 2012 г.).  Т.3. -Душанбе. 2012. -С.257-267.
  24. Зокиров Н.М. Таҳаммулпазирӣ (мадоро) ва таҷассуми андешаҳои миллӣ дар мазҳаби Абӯҳанифа// Садои мардум, №135 (3120).24.10.2013 (дар ҳаммуаллифӣ).
  25. Зокиров Н.М. Фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ // Маводҳои конференсияи «Ҷалолуддини БалхииРумӣва фарҳанги сулҳофаринӣ». 30 сентябри 2013. –Душанбе, 2013. -С.266-271. 
  26. Шоев З. «Решаҳои қадимаи таърихӣ ва манобеи динии фарҳанги ҳуқуқиву давлатии тоҷикон» // шумораи навбатии маҷаллаи «Ахбор»-и АИ ҶТ, 0.5 ҷузъи чопӣ,(дар арафаи чоп аст)
  27. Зокиров Н. «Радикализми динӣ: падидаи номатлуб дар миёни ҷавонон». Ахбори АИ ҶТ, силсилаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ, № 1, -2014;  0,75 ҷ.чопӣ(дар арафаи чоп аст)   
  28. Абдуллоев Ш., Мирзоев Ғ., Виркани М. Ҷашнгирии идҳои  Рамазон ва Қурбон дар Тоҷикистон ва дар дигар кишварҳои исломӣ:  чиро бояд таҳким ва чиро бояд ислоҳ кард? // Ҷумҳурият , № 356, 18.10.2014.
  29. Виркан М. Салафия ва амнияти миллӣ.// «Имрӯз-нюс», №175 (940) аз 25 сентябри с. 2014
  30. Виркан М. Сиёсисозии масъалаи ҳиҷоб ё монеа сохтан ба раванди демократӣ // «Мароми пойтахт»,  11.10.2014