Лого
 

Шӯъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯъбаи масоили назариявии давлат ваҳуқуқи муосир дарҳайати Институти давлат ваҳуқуқи Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон 03.01.2006 таъсис ёфтааст. Роҳбари онро солҳои 2006-2007 академик, доктори илмҳоиҳуқуқ, профессор Тоҳиров Ф.Т. ва доктори илмҳоиҳуқуқ, профессор Сотиволдиев Р.Ш. ба зима доштанд. Аз соли 2007 то инҷониб вазифаи мудири шӯъбаро доктори илмҳоиҳуқуқ, дотсент Нематов А.Р. ба зима дорад.

Дар давоми мавҷудияти Институти давлат ваҳуқуқ, бо муттаҳид гаштани Институти фалсафа ва Институти давлат ваҳуқуқ, ва таъсиси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣваҳуқук ба номи А. Баҳоваддинов, шӯъба  дар тайёр кардани мутахассисониҷавон ваҷалби мутахассисони варзида ба корҳои илмӣ-тадқиқоти хизмати арзанде намуда, дар соҳаҳои алоҳидаи мухталифи назарияи давлат ваҳуқуқ, сотсиологияиҳуқуқкорҳои илмӣ-тадқиқотиро анҷом додааст.

Имрӯз дар Шӯъбаҳамагӣ7 нафар ходимони илмӣ(мудир – д.и.ҳ., дотсент Нематов А.Р., сарходими илмӣ– д.и.ҳ., профессор Сотиволдиев Р.Ш., сарходими илмӣ– н.и.ҳ. Муллоев Д., ходими пешбари илмӣ– н.и.ҳ. Нусратов Л.М., ходими калони илмӣ– Тоиров С., ходими илмӣ– Давлатова Ш. ва ходими хурди илмӣ– НуровҲ., методист-лаборант – Усмонов Ф.) ба кори илмӣ-тадқиқотӣва таҳияву нашри маҳсули илмӣмашѓул мебошанд.

Шӯъба, солҳои 2008-2012 дар мавзӯи илмии тадқиқотии «Проблемаҳои умуминазариявииҳуқуқва давлат дар давраи гузариш» тадқиқот  бурдааст. Дар замимаи ин мавзӯъ монографияи шӯъба «Общетеоретические проблемы государства и права переходного периода в Таджикистане» омода шудааст.

Ҳоло бошад шӯъба дар мавзӯи «Ҳолати кунунӣ, самтҳои асосӣва дурнами инкишофи низоми давлатиюҳуқуқииҶумҳури Тоҷикистон дар давраи пойдории истиқлолияти давлатӣ» (барои солҳои 2013-2017) тадқиқот бурда истодааст.

Азҷониби ходимони илмии шӯъба якқатор корҳои таҳияву чопӣанҷом дода шудаанд. Азҷумла: монографияҳо, китобҳои дарсӣ, маҷмӯи мақолаҳо, васоити таълимӣ-методи ва мақолаҳои илмии зиёд дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣнашр гардидаанд. Азҷониби Шӯъба дар давоми 2006-2015 зиёда аз 10 монография, 3 китоби дарсӣва 5 васоити таълимӣ-методӣ, тафсир бақонунҳо ба чоп расидааст. Азҷумла монографияҳои зерин, Нематов А.Р. Кодификация законодательства Республики Таджикистан.- М., Спутник+, 2008.- 123 с.; Нематов А.Р.Ҳуқуқшиносӣ.- Душанбе, ЭР-граф, 2010.- 52 с. (васоити таълимӣ-методӣ), Нематов А.Р. Техникаиқонунгузорӣ.- Душанбе, Деваштич, 2011.- 199 с. (дарҳаммуаллифӣ);Законотворчество в Республике Таджикистан.– Душанбе, Дониш, 2013.– 152 с.; Правотворчество в Республике Таджикистан.–Saarbrücken,Germany,LAPLAMBERTAcademicPublishing.– 2013.– 420c.;Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи давлат ваҳуқуқ.- Душанбе, Империал-групп, 2008; Сотиволдиев Р.Ш. Теория государства и права.- Душанбе, Империал-групп, 2009., Сотиволдиев Р.Ш. Проблемы теории государства и права (дар дуҷилд).- Душанбе, Империал-групп, 2010; Сотиволдиев Р.Ш. Учение Джами о праве и государстве (монография).- Худжанд, 2010.- 165 с. (дарҳаммуаллифӣ).  Муллоев Д.М. Формирование правового государства в Республике Таджикистан.- Душанбе, ЭР-граф, 2009.- 145 с.; Насурдинов Э.С. Проблемы формирование правовой культуры в условиях становления демократического государства в Таджикистане.- Душанбе: «Истеъдод», 2010.- 196 с., Нусратов Л.М. Проблемы формирования правового сознания в Таджикистане.- Душанбе, 2011. Шӯъба дар таҳия ва нашри маводҳои конфронси байналмилалии бо номи «Низомиҳуқуқии давлатҳои ИДМ дар шароитиҷаҳонишавӣваҳамгироии минтақавӣ» // Муҳаррири масъул Ф. Тоҳиров.- Душанбе, Эҷод, 2007 саҳмгузор мебошад.

Ходимони илмии Шӯъба дар давоми фаъолият зиёда аз 150 мақолаи илмӣва илмию оммавӣтаҳия ва нашр намуда, дар кори зиёда 50 конфронсҳои байналмилалӣ,ҷумҳуриявӣ, умуиакадемӣ, иштирок доштанд.

Махсусан дар тайёр кардани кадрҳои илмӣфаъолияти Шӯъба назаррас мебошад. Дар шӯъба дар тӯли фаъолияташ (2006-2009) 3 доткори илм ва 6 нафар номзади илмро тайёр кардааст. Аз чумла: Нематов А.Р. соли 2007 ва соли 2014 рисолаи докториро дар мавзӯи «Правотворчество в Республике Таджикистан: вопросы теории и практики» таҳти роҳбарии доктори илмҳоиҳуқуқ, профессор,ҳуқуқшиносӣхизматнишондодаи Федератсияи Русия С.В. Поленина ва доктори илмҳоиҳуқуқ, профессор Р.Ш. Сотиволдиев рисолаи худро дар Институти давлат ваҳуқуқи Академияи илмҳои Федератсияи Русия дифоъ кардааст. Дар навбати худ Насурдинов Э.С., Нусратов Л.М. (соли 2008), Муллоев Д.М. (соли 2009), Шокиров Ѓ.А. (соли 2010), Маликова А.Х. (соли 2013), Бобоҷонов И. (соли 2014), Давлатова Ш. (соли 2014), ТаѓойбековҲ. (соли 2015) ва дигарҳо  таҳти роҳбарии ходимони илмии шӯъба, азҷумла доктори илмҳоиҳуқуқ, профессор, Арбоби шоистаи илм ва техника, академик Ф.Т. Тоҳиров, доктори илмҳоиҳуқуқ, профессор Сотиволдиев Р.Ш., доктори илмҳоиҳуқуқНематов А.Р. рисолаҳои худро дар мавзӯҳои мухталифи назарияи давлат ваҳуқуқҳимоя карданд.

Имрӯз Шӯъба дар тайёр кардани кадрҳои илмӣяке аз воҳидҳои фаъоли Институт ба шумор рафта, зери роҳбарии ходимони илмии Шӯъбаҳамагӣ4 аспирант, 3 унвонҷӯи дохилӣва 3 унвонҷӯи хориҷӣтадқиқот мебаранд.

Ходимони илмии шӯъба бо ифтихорномаҳоиҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистонқадр дони шуданд.

Ходимони илмии Шӯъба дар ташкилу гузаронидани конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ, аз чумла Конфронси байналмилалии «Низомиҳуқуқии давлатҳои ИДМ дар давраиҷаҳонишавӣваҳамгироии минтақавӣ», моҳи ноябри соли 2007,Ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣва Анҷуманиҳафтуми ѓайринавбати тоҷикон ва форсизабонониҷаҳон, ки 5-11 сентябри соли 2008, Симпозиуми байналмилалии «Мероси АбуҲанифа ва аҳамияти он дар гуфтугӯи тамаддунҳо», ки 5-6 октябри соли 2009 баргузор гардида, иштироки фаъолона доштанд.

Шӯъба ба таври мунтазам дар таҳия ва тақризи барномаҳои давлатӣ, шартномаю созишномаҳо иштирок менамояд. Алалхус дар додани хулосаҳои экспертӣба лоиҳаҳоиқонунҳо аз тарафи шӯъбақайд кардан зарур аст. Дар муддати фаъолияти худ шӯъба ба лоиҳаҳоиқонун ва санадҳои зерқонунӣхулосаҳои экспертии худро пешниҳод кардааст. Азҷумла баҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрииҳуқуқӣ»,ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва даҳҳо дигарҳо.