Лого
 

Андешаи муҳаққиқон

Шаблоны Joomla 3 тут

Ибн Сино дар бораи пайдоиши маодин ва зуҳуроти метереологӣ

н.и.ф., ходими пешбари илмии Маркази синошиносии

ИФСҲ ба номи  А. Баҳоваддинов АИ ҶТ И.Саидов

 

Абуалӣ ибни Сино ҳамчун файласуф, табиб ва олими энсиклопедист дар тамоми соҳаҳои илми замонааш, аз ҷумла дар соҳаи геология, минералогия, метереология ва география низ асар эҷод кардааст. Ин асари ӯ, ки «Ал-маодин ва осору-л-улвия» ном дорад, дар ҳаҷми 80 саҳифа ба забони арабӣ таълиф шуда, дар қисмати Табииёти «Китобу-ш-шифо» ҷойгир карда шудааст. Ин асарро муҳаққиқи муосири араб доктор Иброҳим мадкур соли 1964 дар Қоҳира ба табъ расонид. Минбаъд ин асар борҳо нашр шуд.

Бояд қайд кард, ки асари мазкур аз ҷониби Григорян С.Н. ва Сагадеев А.В. бори аввал  интихобан дар бораи пайдоиши кӯҳҳо ва маъданҳо порчаҳо ба забони русӣ дар ҳаҷми 11 саҳифа[1] тарҷума ва дар китоби «Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IХ-ХIVвв» дар Москва соли 1961 чоп шуда буд.

Ин асар дар шакли пурра ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бори нахуст аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо тарҷума гардид ва дар ҷилдҳои 8-уми Осори Абуалӣ ибни Сино ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад.

«Ал-маодин ва осору-л-улвия» аз ду мақола иборат буда, ҳар мақола аз 6 боб иборат мебошад. Мақолаи якум дар бораи чизҳое беҷоне ки дар замин пайдо мешаванд, баҳс мекунад. Аз сабаби маҳдуд будани имконият, мо танҳо кадом боб ба кадом масъала бахшида шуддааст, ишора мекунам.  

Боби якуми мақолаи якум дар бораи пайдоиши кӯҳҳо бахшида шудааст. Инчунин дар ин боб дар бораи пайдоиши сангҳо, сангҳои калон, теппаҳо, водиҳо маълумот дода шудааст.

Ба қавли Ибни Сино сангҳо бо ду роҳ: якум,  сахтшавӣ ва дувум,  бо роҳи шахшавӣ пайдо мешаванд. Ӯ менависад: «Дар воқеъ аксари сангҳо аз ҷавҳари дар он ғолиб – заминӣ пайдо мешаванд. Ва бештаре аз онҳо аз ҷавҳари дар он ғолиб – обӣ пайдо мешаванд. Ва бисёре аз лойҳо аз гармӣ хушк мешаванд ва аввало ба чизе байни санг ва лой мубаддал мешаванд ва он санги мулоим мебошад, сипас он ба санг табдил меёбад. Ва беҳтарин лойҳо барои он ҳамоне аст, ки часпак мебошад».[2]  Мутафаккир муътақид аст, ки аз оби равон сангҳо бо ду роҳ пайдо мешаванд: яке ин аст, ки об шах  мешавад, чун қатра-қатра мечакад ва ё чун ҷорӣ бар маҷрои хеш мешавад.   Ва роҳи дувум аз он об дар ҷоришавиаш чизе таҳшин мешавад ва дар рӯи маҷрояш таҳшин гашта, санг мешавад. Мумкин аст навъҳое аз сангҳо аз оташ пайдо шаванд, агар он оташ хомӯш шавад. Бисёр вақт дар савоқ [оташак], ҷисмҳои пӯлодӣ ва сангӣ ҳодис мешаванд. Аммо пайдоиши санги калон бошад, пас ё якбора бо сабаби гармии бузург, ки лойи зиёди часпакро боҳам мегудозад ва ё кам-кам бо гузашти бардавоми айём мебошад.

«Аммо баландӣ [теппа] бошад, - менависад Ибни Сино, - пас мумкин аст онро сабаби вуқӯъ би-з-зот ва ё би-л-араз бошад. Аммо сабаби би-з-зот бошад, пас ҳангоми заминҷунбиҳои зиёди сахт итифоқ меафтад, ки бод боиси заминҷунбӣ гашта, порае аз заминро баланд мебардорад ва якбора теппае аз теппаҳо пайдо мешавад. Ва аммо сабаби би-л-араз бошад, пас дар баъзе қисмати замин бефарогирии қисмати дигар чуқурӣ пайдо мешавад, зеро бодҳо харобкунанда ва обҳо чуқуркобанда мебошанд ва ба онҳо иттифоқ меафтад, ки дар ҷузъе аз замин ҳаракат кунанд ва ҷузъи дигарро кордор нашаванд. Ва он ҷое ки бар болои он боду об ҳаракт мекунанд, он ҷойро чуқур мекунанд ва он ҷое ки онҳо бар болои он ҳаракат намекунанд, тепа боқӣ мемонад. Сипас селҳо чуқурии аввалро ба таври мустамир кофтан мегиранд, то даме ки дарраи бузург пайдо мешавад ва он ҷое ки аз ин раванд дар канор [дар ду тарафи селроҳа] мебошад, чун теппаҳои баланд боқӣ мемонанд. Ва ин ҳамчун ақидаи таҳқиқшуда оиди ҳолатҳои пайдоиши кӯҳҳо ва он чизе ки байни онҳо аз қабили дарраҳо ва водиҳо мебошад».[3]

Ба қавли мутафаккир,  ҷоиз аст, ки хушкӣ аз баҳр орӣ шуда бошад ва ҳар буъд [баъди хушкшавӣ] қабати замин гашта бошад. Ба назар чунин мерасад, ки баъзе  кӯҳҳо гӯё қабат-қабат болои ҳам гузошта шудаанд. Ва лойи онҳо дар як замоне ҳамин тариқ қабат-қабат болои ҳам хобидаанд. Ва аввало қабате хобида, сипас баъди он дар муддати дигар қабати дигар пайдо  шудааст. Воқеан барои ҳар қабате ҷисме хилофи ҷавҳари он таҳшин шудааст. Ва он ҷисм қабати ҷудокунандае байни ин қабат ва қабати минбаъда гаштааст. Пас кӯҳҳо ҳамин тариқ пайдо шудаанд.

Боби дувум андар манфиатҳои кӯҳҳо ва пайдоиши абрҳо ва шабнамҳо ном дорад. Ибни Сино қайд мекунад, ки манфиатҳои кӯҳҳо зиёданд, аз ҷумла пайдоиши абрҳо ва чашмаҳо ба онҳо алоқаманд мебошанд. Абрҳо аз бухорҳои рутубатнок тавлид меёбанд, агар онҳо тавассути баландшавии ҳарорат боло бароянд ва ба табақаи сарди ҳаво бирасанд. Чашмаҳо низ воқеан ногаҳон аз бухорҳои болобароянда аз баландшавии ҳарорати буғишуда дар замин аз таъсири офтобу ситораҳо боло мешаванд. Бухор тадриҷан зичтар мешавад, ба об мубаддал мегардад ва чашмаҳо пайдо мешаванд. Аксари чашмаҳо аз кӯҳҳо ва атрофии онҳо ҷӯш зада мебароянд ва камтарини онҳо аз водиҳо. Ва он камтарин чашмаҳо низ танҳо он ҷое, ки замин сахт аст ё дар ҷивори замини сахт аст, воқеъ гаштаанд.

Боби савум дар бораи манбаъҳои обҳо мебошад. Ин ҷо мутафаккир таъкид мекунад, ки обҳо аз замин пайдо мешаванд ва ӯ дар бораи обҳои чашмаҳои равон, обҳои чашмаҳои ғайриравон, яъне обҳои мурда, обҳои чоҳҳо, обҳои ҷӯйборҳо ва обҳои тарованда, яъне заҳидабароянда сухан меронад. «Чашмаи равон, - менависад Ибни Сино, -  афзалтар аст, зеро ки ин ҳаракат обро гуворо месозад… Аммо обҳои тарованда [заҳидабароянда] бошанд, пас онҳо бадтарини обҳо мебошанд».[4]

Боби чаҳорум дар бораи заминҷунбиҳо. Мутафаккир дар таърифи зилзила менависад: «Аммо зилзила бошад, пас он ҳаракатест, ки барои ҷузъе аз аҷзои замин бо сабаби он чизе ки дар зераш аст, ҳодис мешавад. Бе шубҳа, он сабаб бар вай ориз мешавад, ки ҳаракат бикунад, сипас он чизеро, ки дар болояш ҳаст, ба ҳаракат медарорад».[5]   Бино ба раъйи Ибни Сино, ҷисме, ки мумкин аст, ки таҳти замин ҳаракат мекунад ва заминро ба ҳаракат медарорад, ё ҷисми бухории дуди болобарояндаи қаввӣ, монанди бод бошад, ё ҷисми обии равон ва ё ҷисми ҳавоӣ ва ё ҷисми оташӣ ва ё ҷисми заминӣ.

Ҷисми оташӣ зери замин пайдо намешавад ва дар ҳукми дуди қаввӣ ва дар ҳукми боди даргиранда мебошад. Ҷисми бодӣ оташӣ ва ғайриоташӣ мешавад. Воҷиб аст, ки он дар зери замин пайдо шуда, муҷиби лаппиши замин дар аксар ҳолатҳо шавад. Ҷисми ҳавоӣ низ дар ҳукми бодӣ, бухорӣ ва дудӣ ориз мешавад. Умуман, ба қавли Ибни Сино, сабабҳои заминҷунбӣ: ҳаракати обҳои зеризаминӣ; фурӯравӣ, ки аз харобшавии пояҳои ҷари бетаг ва ғор, ки ба поён меафтад, ҳаво ва замини бо он пайвастро меларзонад; агар қаъри замин фурӯ равад; бухори бодӣ ё оташии қаввӣ ҳаракат мекунад ва заминро ба ҳаракат медарорад ва ин сабаби бештари зилзила мебошад;  қуллаҳои кӯҳҳо ё ҷузъҳои бузурге аз онҳо бо афтиши қаввӣ фурӯ меафтанд ва замин меларзад.

Мутафаккир фикри Демокритро дар бораи зилзила ки аз ҳаракати қаввии бод ва обҳое ки якбора бошиддат ҷорӣ мешаванд, дастгирӣ намуда, раъйи Анаксагорро дар бораи он ки сабаби зилзилаи заминро ҳавои онро иҳотакунанда медонад, рад мекунад. Зилзила баъзан бо сабаби бодҳои дар зери замин боздошташуда рух медиҳад.

Бисёр вақт зилзила дар кишварҳои қаъри заминаш тунук ва рӯяш зич ё рӯяш бо оби ҷоришаванда пӯшонидашуда ва ё об онро бисёр ғафс пӯшонидааст, ки бод наметавонад онро бишкофад, рух медиҳад. Агар зилзила дар тобистон рух диҳад, бар он далолат мекунад, ки соли хушк аст ва рӯи замин бо хушкӣ пӯшонида шудааст ва масомаҳои рӯи замин маҳкам мешавад ва бодҳо дар он банд мешаванд ва хориҷ намешаванд, ҳатто дар он моддаҳои бисёр ҷамъ мешаванд ва барои пайдоиши зилзилҳо мусоидат мекунанд.

Ба қавли мутафаккир, аксар вақт зилзила дар баҳор ва тирамоҳ мешавад. Кусуфҳо [гирифтани офтоб] шояд сабаби зилзилаҳо бо сабаби якбора гумшавии ҳарорати аз шуъо пайдошаванда бошанд. Зилзилаҳо таконанда мешаванд ва гумон мекунӣ, ки замин ба боло ҳаво медиҳад ва силтави арзи ларзон мешаванд. Зилзилае, ки  моил ба ҳар ду қутр мебошад, «Қатқат» номида мешавад. Зилзилае, ки ҳам ба арз ва ҳам ба иртифоъ меравад, «Сулламӣ» [зинагӣ] номида мешавад. Ва агар монеаҳо набошад, пас ҳама ҳаракатҳояш таконанда мебошад. Баъзан савт дар зилзилаҳо пеш аз зилзила шунида мешавад. Ва он аз ин рӯст, ки мавҷзании ҳаво тезтар ва пештар аз мавҷзании замини зич мебошад. Аз манфиатҳои зилзилаҳо ковокиҳои замин барои чашмаҳо кушода мешавад ва Аллоҳ Таъоло оммаро метарсонад, ки ба фисқу фаҳш роҳ надиҳанд.

Боби панҷум андар пайдоиши маъданҳо ном дорад. Ибни Сино қисматҳои ҷисмҳои маъданиро чаҳорто меҳисобад: 1- сангҳо, 2-  ҷисмҳои гудохташаванда, яъне фулузот, 3- кибритҳо, аз қабили сулфур, олтингӯгирд ва  4- намакҳо. Умуман, Ибни Сино дар бораи пайдоиши 16 минерал, аз қабили замч, [даҳани фаранг], зоҷ, [зок], навшодир, қалқанд [зоки сабз], кибрит, зирних, [маргимуш], ҷисмхои сангӣ [ҷавҳарҳои маъдании кӯҳӣ] симоб, кибритҳо [олтингӯгирдҳо, сулфурҳо], қалқатор [зоки зард], қалъагӣ нуқра, тилло, мис ва оҳан маълумот медиҳад.

Бино ба раъйи мутафаккир, баъзе ҷисмҳои маъданӣ бадгуҳар, заифтаркиб, сустмизоҷ ва баъзеи дигар қаввиҷавҳар мебошад, он чизе ки қаввиҷавҳар мебошад аз он баъзе  чакушхӯр аст ва баъзеи дигар чакушхӯр нест. Ва он чизе ки заифҷавҳар мебошад,  аз он чизе намакдор мебошад, ки рутубат онро бо суҳулат маҳлул мекунад, мисли замч [даҳани фаранг], зоҷ [зок], навшодир ва қалқанд. Ӯ менависад: «Он чизе ки равғанин мебошад, ба воситаи рутубат худаш танҳо ба осонӣ об намешавад, мисли кибрит ва зирних [маргимуш].

Аммо симоб бошад, пас он аз ҷумлаи ҷисмҳои маъдании қисмати дувум мебошад, чунки он унсури чакушхӯр мебошад… ва тамоми маъданҳои чакушхӯр гудохташавандаанд».[6] Аммо замч [даҳани фаранг] ва навшодир бошад, пас онҳо аз ҷинси намакҳоянд, вале ҷанбаи оташии навшодир бештар аз ҷанбаи заминии он мебошад. Ва барои ҳамин вай ба куллӣ бухор мешавад.

Аммо кибритҳо [олтингӯгирдҳо, сулфурҳо] бошанд, пас дар ҳақиқат ҷавҳари обии онҳо бо ҷавҳарҳои заминӣ ва ҳавоӣ аз таъсири туршкунандаи гармӣ сахт турш гаштааст, ҳатто равғанӣ шудааст, сипас тавассути хунукӣ сахт шудааст. Аммо зоҷҳо [зок, даҳани фаранг] бошанд, пас воқеан онҳо аз унсурҳои намакӣ, кибритӣ ва сангӣ таркиб ёфтаанд. Он чизе ки аз қувваи оҳан истифода мекунад, сурх ва зард мешавад, монанди қалқатор. Он чизе ки аз қувваи мис истифода мекунад, сабз мешавад.

Аммо симоб бошад, пас гӯё оби бо унсури заминӣ омехта бағоят латиф аст ва бо кибрит омехтагии қаввӣ дорад. Аммо қалъагӣ бошад, агар гудохта шавад, воқеан вай симоб мебошад, чунки он қабл аз тасфидан об мешавад. Агар симоб тоза бошад ва он чизе ки бо вай омехта мешавад ва боиси сахтшавии он мегардад, қувваи кибрити сафеди ғайримуҳриқ [насӯзанда] ва беолоиш мебошад, аз он нуқра пайдо мешавад. Агар кибрит бо тозагии хеш афзалтар ва тозатар аз он ки дар нуқра аст бошад, инчунин дар он қувваи рангкунандаи оташии латифи ғайримуҳрақ афзалтар аз он бошад, пас аз сахтшавии он симоб тилло пайдо мешавад.

«Агар симоб, - мнависад Ибни Сино, -  дорои ҷавҳари хуб бошад, валекин кибрите, ки онро сахт мекунад, тоза набошад, балки дар он қувваи сӯзанда бошад, пас аз он, масалан, мис пайдо мешавад. Ва агар симоб навъи паст, ифлос, тунук ва заминӣ бошад ва кибрити он низ ифлос бошад, пас аз он ҳадид [оҳан] пайдо мешавад».[7]

Боби шашум дар бораи ҳолатҳои ҷойҳои маскун ва мизоҷҳои аҳолии кишварҳо ном дорад. Бино бар қавли мутафаккир, бар ҳукми табиати об ва замин воҷиб аст, ки замин дар дохили об пайдо шавад ва об онро аз тамоми ҷонибҳо печонида гирад. Пас зарурате лозим меояд, ки бар болои курраи замин аз пастиҳо ва баландиҳо манзараи [релефи] маҳал тавлид ёбад.

«Ба пайдоиши замин, - менависад Ибни Сино,-  сабабҳои дигар мусоидат мекунад. Зеро пайдоиши  гил байни об ва замин ногузир аст ва таъсири қувваи офтоб ва ситораҳо ба гил ва ба санг мубаддал гардидани он ногузир аст, агар гил урён шавад».[8] Тибқи раъйи  мутафаккир, асҳоби расд [уламои илми нуҷум] чоряки заминро хушкӣ пиндоштаанд. Чунки об ба ҳасби пиндори бештар бешак чандин карат зиёдтар аз замин  мебошад. Ҳолати  мавҷудияти офтоб дар ноҳияи  Ҷануб ба замин наздиктар аст ва вуҷуби гармшавии қаввӣ ба сабаби он мебошад. Пас имкони иморат дар он ҷо пешӣ дорад аз имкони иморат дар Қутби Шимолӣ.

Қитъаи замини Хатти Истиво мавзеъҳои лоиқтар барои сукунат мебошад. Кишварҳое, ки ба хатти сайри офтоб қарибтар мебошанд, албатта хунуктар аз кишварҳое, ки аз он дуртар воқеанд, намебошанд ва шояд чунин кишварҳо зиёд бошанд. Офтоб ба ин кишварҳо тадриҷан наздик мешавад, гармӣ баъди гармӣ боло меравад. Агар офтоб дар самтурраъс бошад ва аз он гузарад, самтурраъс аз наздик бозгардад. Ва рӯз низ дароз ва шаб кӯтоҳ мешавад ва устувории офтоб бар онҳо бо гармкунӣ давом мекунад. Аммо дар Хатти Истиво воқеан офтоб якбора ба қиём мерасад. Ва ҳар соат дуршавӣ аз самтурраъс зиёд мегардад, то ҳадде ки тамоми буришҳо бе истодагарӣ ва субот дур мешавад. Ва рӯз ба шаб дар дарозӣ ва кӯтоҳӣ баробар мешавад.

Ибни Сино қайд мекунад, ки агар он ҷо доим гарм бошад ва аҷсод дар он ҷо вобаста ба мизоҷи худ рушд мекунад ва баданҳо аз  гармӣ зиёд мутаасир намегарданд. Он дар ҳоли баданҳои турк дида мешавад. Воқеан онҳо аз хунукии кишварҳояшон сахт мутаассир намешаванд ва ҳабаша низ аз гармии кишварҳояшон сахт мутаассир намешаванд. Ва шояд бадавӣ [бодиянишин] дар Хуросон аз хунукӣ шикоят кунад, ва хуросонӣ дар ҳамон як вақт аз гармӣ шикоят мекунад. Барои он ки мизоҷи арабӣ мизоҷи гармро ташкил медиҳад, мизоҷи дигариро мизоҷи хунук ташкил медиҳад.

Лекин гармиву хунукии кишварҳо инчунин мумкин аст бо сабаби дигар фарқ кунад. Ва сабаб он аст, ки кишварҳои дар баландӣ воқеъ гардида аз кишварҳои дар пастӣ ҷойгиршуда, ки байни ин ва кишварҳои Ҷануб кӯҳҳоанд, хунуктар мебошад. Кишварҳои  шимолӣ аз кишварҳое, ки дар онҳо кӯҳҳоанд, бо ду сабаб хунуктар мебошанд: яке аз он ду сабаб ин аст, ки офтоб баробар гарм намекунад, сабаби дувум аз ҷиҳати бод мебошад. Воқеан боди шимолӣ хунук мекунад ва боди ҷанубӣ – гарм.

Ихтилофи кишварҳо инчунин дар он аст, ки онҳо шарқӣ ва ғарбӣ мебошанд. Ӯ менависад: «Агар Шарқ гармтар аз Ғарб бошад, пас воҷиб аст, ки сабаб дар он баҳре бошад, ки дар паси он аст ва баҳре, ки дар ҷанубии он аст».[9] Офтоб ба он нуру гармии хешро равона  месозад ва бухори гарми зиёд боло мебарояд. Ва кишварҳои назди баҳрӣ дар ҳамсоягии баҳр гарм мешаванд, агар баҳри он кишварҳо зиёд бухор шавад. Агар ин иллат мавҷуд намебуд, кишварҳои назди баҳрӣ бо сабаби хунукии об хунук мешуд. Ва мадори офтоб аз онҳо ҷанубӣ аст ва халиҷи шимолиро фаро намегирад ва ба қиёми он намерасад. Ва агар офтоб баҳреро, ки дар паси онҳо воқеъ аст, фаро гирад, пас аз дурӣ онҳоро фаро мегирад.

Мақолаи дувуми аср низ аз шаш боб иборат буда, зуҳурот ва мавҷудоте, ки дорои нафс нестанд ва дар болои замин, яъне дар фазо ҳодис мешаванд, дар бар мегирад. 

Боби якум оиди абрҳо ва он чӣ ки аз он нозил мешавад ва он чӣ ки шабеҳи он аст, ном дорад. Мутафаккир дар ин боб дар бораи пайдоиши абр, абрҳоии сиёҳ ва сафед, рутубат, бухор, дуд, туман борон, борони сел, барф, шабнам, жола ва ях, яъне қирав маълумот медиҳад.

Ӯ менависад: «Воқеан абр ҷавҳари бухории зич буда, дар ҳаво сайр мекунад… ҳаво дар баландиҳои кӯҳҳои сард хунук мешавад ва шаффофу зич мегардад ва якбора абр мешавад, сипас барф мешавад».[10] Аммо бухор боло мебарояд, зич гашта абри боронӣ мешавад. Борони бардавому борони сел аз абрҳои сиёҳ пайдо мешаванд. Шабнам аз абрҳо пайдо намешавад, балки аз бухорҳои ҳаррӯзаи оҳиста болобарояндаи каммодда пайдо мешавад, агар аз хунукӣ шах шавад, ях, яъне қирав мешавад. Абр ғун мешавад, дар он қатраҳо ҷамъ мешавад ва ях мебандад, сипас дар шакли шахшуда нозил мешавад ва он барф мебошад. Аммо агар он абр баъди он ки ба об мубаддал шуд ва қатраи калон шуду ях баст, пас он жола мебошад. Ва бештари жола воқеан дар баҳор ва тирамоҳ мешавад. Туман  низ аз ҷавҳари абр аст, вале таркибаш аз абр фарқ мекунад.

Бино ба раъйи Ибни Сино, боди шимолӣ  – барфӣ ва боди ҷанубӣ – боронӣ ва боди шимолӣ қиравӣ ва ҷанубӣ – шабнамӣ мебошанд. Умуман, тамоми осори улвӣ, яъне зуҳуроти метереологӣ ба пайдоиши бухор ва дуд тобеъанд. Бухор гарму намнок ва дуд гарму хушк аст. «Пас бухор, - менависад мутафаккир, -  моддаи абр, борон, барф, шабнам ва ях буда, ҳола [хиргоҳ], тиру камон, шумайсот [офтобакҳо], наёзик [шиҳобҳои калон] бар он мушоҳида мешавад. Ва дуд моддаи бод, барқ [оташак], шиҳобҳо, руҷум [ситораҳои паррон], ситораҳои думдор аз анвоъи ситораҳо ва аломатҳои даҳшатангез мебошад».[11]

Дар боби дувум сухан дар бораи муқаддамоте, ки барои таълими сабаби фоил барои ҳола [хиргоҳ], тиру камон ва тамоми он чизҳое, ки ба ин ду шабоҳат доранд, замина омода месозад, меравад.

Ибни Сино ин зуҳуротро ашбоҳ ҳисобида, вобаста ба он раъйи се мактаб ё худ равияро дар идроки ин ашбоҳ тавассути басар меорад: 1- раъйи асҳоби шуъо (тибқи ин равия аз чашм шуъо хориҷ мешавад ва дар оина чизи дидашавандаро идрок мекунад); 2 - раъйи табииюн (ақидаи онҳо ин аст, ки ҳаргиз аз чашм шуъо хориҷ намешавад, балки ин аз хусусияти чизи дидашаванда аст, агар чашм онро қабул кунад,  байни чашм ва чизи дидашаванда шаффоф аст. Ва чизи дидашаванда би-л-феъл мегузарад ва сурати он дар чашм муташобеҳ мешавад). Ин мазҳаб оиди расонидани шабаҳҳо ба чашм акси мазҳаби якум мебошад; 3 - мазҳаби савум, раъйи он касе ки мегӯяд: дар воқеъ шабаҳи чизи дидашаванда тасаввур мешавад, чуноне ки он дар оина мебошад. Ва агар оина бо мутавозият дида шавад, пас шабаҳи дар оина нақшбаста низ дида мешавад. Ибни Сино менависад: «Ва ин мазҳабест, ки онро ҳақиқате нест, балки ду сурат воқеан дар чашмҳо муттаҳид мешаванд ва яке аз он ду сурат ба ваҷҳе иллате барои расонидани сурати дигарӣ ба чашм мешавад. Ва агар ҳарду сурат якҷоя дида шавад, гумон меравад, ки яке аз он ду сурат дар сурати дигарӣ аст. … Барои ҳамин Муаллими Аввал дар китобаш дар ин мавзуъ таваҷҷуҳ накардааст, балки инъикоси чашмро истифода бурдааст. Чунки он машҳуртару маъруфтар мебошад».[12]

Боби савум ба масъалаи пайдоиши ҳола (хиргоҳ), тиру камон, шумайсот, яъне офтобакҳо ва шиҳобҳо  бахшида шудааст. Ибни Сино дар таърифи ҳола навиштааст: «Ва аммо ҳола бошад, пас он доираи сафеди пурра ё нопурра аст, ки дар атрофи қамар ва дигар ҷирмҳои осмонӣ дида мешавад».[13] Дар воқеъ ҳола хаёл аст ва барои ҳамин манзараи он фарқ мекунад. Ва воқеан ҳола аз рӯшноии қамар ё рӯшноии наййири дигар аз дурахшидани абр тавассути он рӯшноӣ бо роҳи амалишавӣ, на бо роҳи шаклтағйирдиҳӣ тасаввур мешавад. Ва агар ҳола аз тамоми тарафҳо ба таври парешон пора-пора  шавад, ба ҳавои софу беғубор далолат мекунад. Ва агар ҳола ба тартиб дарояд, ҳатто абр зич  шавад ва ҳола ботил шавад, далолат ба борон мекунад. Зеро дар он аҷзоъи намноки обӣ зиёд мешавад. Ва агар ҳола аз тарафе пора-пора шавад далолат ба бод мекунад, ки аз он тараф меояд. Гоҳе ҳола дар атрофи офтоб пайдо мешавад. Чунки офтоб дар аксар вақт абри тунукро заъифу парешон мекунад ва тунукиаш ба ҳадде мерасад, ки офтобро намепӯшонад. 

Тиру камон аз нисфи доира зиёд намешавад. Хиргоҳи офтобӣ дар аксар вақт агар офтоб ба мобайни осмон наздик шавад, дида мешавад ва тиру камон бошад, дида намешавад, магар ин ки агар офтоб ба уфуқ наздик шавад. Ибни Сино менависад: «Тиру камон дар тамоми вақтҳои рӯзи тобистонӣ ҳодис намешавад ва дар зимистон ҳодис мешавад. Ва аммо рангҳо бошанд, пас дар ҳақиқат ҳолати онҳо барои ман маълум нест ва сабаби онҳоро надонистам ва ба он чизе ки мегӯянд, қаноат накардам, зеро ҳамаи онҳо дурӯғу сафсатаанд… Ва он чизе ки барои ман саҳеҳ мебошад, ин аст, ки оинаи ин нақш абри торик нест, ки дида намешавад, балки он ҳавои намнок аст, ки дар он ҷузъҳои обии пошидашудаи бисёр  шаффоф мебошад, валекин он эҳтиёҷ дорад, ки дар паси он мисли ин абр бошад, ё кӯҳ, ё пардаи дигар аз худи он ва ё аз чизи дигар бошад».[14] Ӯ таъкид мекунад, ки асҳоби мо аз машшоиён андар ҳолати ин рангҳо нагуфтаанд ва ин фаслҳоро ман тавассути шайъе фаҳмидам. Ва бар ин тиру камон дар аксар ҳолат аз замин ранг меояд ва аз фазо ранг меояд, якҷоя дар васат шиддат меёбад Ва он чизе ки,-  менависад ӯ, - аз ҳолати ин тиру камон гумон мекунам, ҳанӯз ба он эътимод надорам, гарчанде онро дар ин китобам навиштам. Лекин, хулласи калом, медонам, ки он хаёл аст ва воқеан мумкин нест, ки бештар аз ду тиру камон ҳодис шавад...»[15]      

Аммо шумайсот [офтобакҳо] бошанд, пас дар воқеъ онҳо хаёлот чун офтобҳо аз оинаҳои сахт, пайваст ва суфта, ки дар ҷанби офтоб мебошанд ва шаклу ранги онро амалӣ месозанд, ё  рӯшноии шадидро дар худ қабул мекунанд ва бар ғайри хеш бо рӯшноии худ рӯшноӣ медиҳанд ва низ онҳоро акс мекунанд. Офтобакҳо ба борон далолат мекунанд, зеро онҳо ба фаровонии бухорҳои рутубатнок далолат мекунанд.

Аммо шиҳобҳо бошанд, пас воқеан онҳо низ хаёлот дар ранги тиру камон мебошанд, магар он ки онҳо ба таври мустақим дида мешаванд. Зеро онҳо дар ҷанби офтоб аз рост ё аз чапи он пайдо мешаванд, на дар зери он ва на дар пеши он.

Боби чаҳорум ба пайдоиши бодҳо, бодҳои тӯфонӣ, бодҳои абрӣ,  бодҳои боронӣ, бодҳои шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ ва ғарбӣ бахшида шудааст. Бино ба қавли Ибни Сино, бод ва он чӣ шабеҳи он аст аз бухори хушк, ки дуд мебошад, тавлид меёбад. Ӯ менависад: «Ва бод аз он дуд бо ду роҳ тавлид меёбад: яке аз он ду бештар ва дигарӣ камтар рух медиҳад. Аммо он чӣ ки бештар бошад, пас агар дудҳои зиёд ба боло бароянд, пас бар онҳо ориз шавад, ки аз хунукии ба онҳо таъсир расонида вазнин шаванд ва поён фароянд ё барои он ки ҳаракати ҳавои боло онҳоро аз нуфуз боз дорад ва гоҳе тобеъи ҳаракати он ҳаво ба тарафе ва гоҳе ба тарафи дигар баргарданд».[16]  Пеш аз бодҳо дар аксар ҳолат абрҳо ҳаракат мекунанд, сипас бодҳо мевазанд. Ва ба бухору дудҳо ориз мешавад, ки аз дуртари фазо баъди болобароиашон нозил шаванд ва ҳаво мӯътадил мебошад ва ин аз вазиши бодҳои тӯфонӣ хабар медиҳад.

Бодҳое низ мебошанд, ки онҳо қабл аз расидани дудҳо ба монеаи ҳаракати болобароӣ ва қабл аз расидани онҳо ба маҳалли хунукшавӣ тавлид мешаванд. Ва он чӣ далолат бар он мекунад, ин аст, ки моддаи бод ғайри моддаи борон мебошад, он бухори намнок аст. Соле ки дар он борон зиёд мешавад, аз касрати бухори намнок бодҳо кам мешаванд. Ва соле  ки дар он бодҳо зиёд мешаванд, соли хушк ва камборон мешавад. Ва бод низ зуд-зуд бар тавлиди борон ишорат мекунад ва ин аз он рӯст, ки бод абрро ғун мекунад. Ва ҳамчунон бод дар аксар ҳолат абрро заъиф месозад ва моддаи онро бо ҳарорати хеш муътадил месозад ё бо ҳаракати худ онро паҳну парешон мекунад.

Бодҳои барои абрҳо тавлидёфта бодҳои абрӣ  номида мешаванд. Ва аксари тӯфонҳо аз бодҳои абрии вазнини рутубатнок мебошанд, ки ба боло мебароянд ва бо абрҳо бар мехӯранд ва онҳоро тасарруф мекунанд ва ба роҳи нозилшавӣ бармегарданд. Шояд тӯфон аз моддаи бодӣ бошад, ки ба поён мефарояд, заминро орӣ месозад, сипас ором мешавад. Шояд тӯфон аз бархӯрди ду боди қаввӣ ё ғайриқаввӣ низ ҳодис шавад. Бодҳое ҳастанд, ки оташгирандаи барқдор ва бадтарини онҳо тӯфони барқдор мебошад.

Маҳалҳои муайян барои бодҳо дувоздаҳто мебошанд,  зеро уфуқ бо дувоздаҳ ҳад муайян мешавад: се шарқӣ, се ғарбӣ ва се нуқтаҳои шимолӣ ва се нуқтаҳои ҷанубӣ. Бодҳое, ки аз ноҳияи Шимол меоянд, хунуктарин бодҳо мебошанд ва  бо мурурашон ба кишварҳои гарм онҳо гарм мешаванд. Бодҳои ҷанубӣ гармтарин бодҳо мебошанд зеро аз кишварҳои сӯзони гарм мегузаранд ё аз он ҷойҳо оғоз мешаванд.

Ибни Сино қайд мекунад, ки бодҳои шарқӣ ба мо меоянд ва мо бар тарафи баҳр нестем, онҳо аз болои хушкӣ гузашта тавассути офтоб гармшуда меоянд. Ва аммо бодҳои ғарбӣ бошанд, аз болои баҳрҳо гузашта ба мо меоянд. Ва Машриқ гармтар аз Мағриб мебошад. Барои он ки вай бештар хушк ва биёбонӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, ки беҳтарин вақт барои тӯфон тирамоҳ аст, зеро низом дар он камтар аст. Бодҳое, ки бо ҳаракати офтоб мевазанд, «ал-Ҳавлия» («Солона») номида мешаванд. Ва он чи ки бештар мевазад, бо сабаби офтоб рӯзона мевазад.

Боби панҷум дар бораи раъду барқ, оташак, ситораҳои афтанда [паррон],  шиҳобҳо ва ситораҳои думдор баҳс мекунад. «Бод, - менависад мутафаккир,  -  агар дар ҳавои нафиси латиф сахт вазад, аз он бод садои шадид шунида мешавад. Пас воҷиб аст, ки аз он овози раъд шунида шавад. Ва барои он ки ин дуди латиф барои аланга гирифтан омода аст ва воқеан он ба ночизтарин сабаби оташзананда аланга мегирад».[17] Пас аҷаб нест, ки соишхӯрӣ, лапиш ва тазъиқ он дудро ба ҳарорати аз ҳад баланд табдил диҳад, пас он аз ин сабабҳо чун оташ аланга мегирад ва ба барқ мубаддал мегардад. Барқ танҳо аз бод мешавад, ки дар абрҳо талотум меандозад, сипас оташгирон халос мешавад. Лекин барқ дида мешавад ва раъд шунида мешаваду дида намешавад. Раъд, ки бо барқ ҳодис мешавад, барқ дар они воҳид дида мешавад ва шунавоии раъд таъхир мекунад.  Сабаби барқ ва раъд дар аксар ҳолат ин ҳаракати бодӣ мебошад, ки савт пайдо мекунад ва ба аланга дар мегирад. Ва шояд барқ низ сабаби раъд бошад. Чунки боди алангагирифта дар абр хомӯш мешавад ва аз хомӯшшавии он овоз шунида мешавад. Ибни Сино қавли касеро, ки мегӯяд: ҳудуси раъдҳо бо сабаби бархӯрди абрҳост, аз воқеият дур медонад. Дар Шимол аз сабаби хунукиаш ва задабаромадани бухорҳояш ба гармӣ дар абрҳо раъду барқи зиёд ҳодис мешавад.

Аммо соиқа [оташак] бошад, пас он боди абрии алангагиранда буда, латофаташ ба лутфи барқ нест, аз барои он шуъои барқ замони зиёд боқӣ намемонад. Далел бар он ки соиқа аз дуд пайдо мешавад, агар чизе аз онҳо латифу дудӣ бошад.

Аз ҷумлаи онҳо шиҳобпораҳо мебошанд ва моддаи онҳо низ бухори дуди латифи зуд маҳлулшаванда аст. Ин дуд агар ба фазои оташгиранда  расад, аланга мегирад, чун оташ мегирад ва маҳлул мешавад, пас дида мешавад, ки гӯё  ситорае  ҳаво дода мешавад. Ҳаракати бухори дудӣ аз хункӣ ба поён аз сабаби вазнинии аз хунукӣ пайдошуда мебошад, пас аз ҳаракат оташ мегирад. Ва дар аксар ҳолат шиҳобпора меафтад ва дар вай хокистар дида мешавад.

Ба қавли Ибни Сино, шиҳобпораҳо, ситораҳо, ситораҳои думдор ва ғайра мустаҳил аст, ки хомӯш шаванд. Аланга ва сӯзиши онҳо муддати дароз боқӣ мемонад ё бар сурати обшавӣ ё дум ва аксари онҳо шимолӣ ва шояд ҷанубӣ низ мешаванд. Ин аломатҳо  ҳама ба бодҳо,  камборониҳо, ба вайроншавии фазо, хушкии он, гармшавии он ва ба бемориҳои гарми хушки қотил далолат мекунанд.

Боби шашум дар бораи ҳодисаҳои бузург, ки дар олам ҳодис мешаванд, бахшида шудааст. Мутафаккир дар ин боб дар бораи  тӯфонҳои обӣ, тӯфонҳои оташӣ, тӯфонҳои хокӣ ва тӯфонҳои ҳавоӣ, яъне бодӣ маълумот медиҳад. «Воқеан сабаб дар вуқӯъи тӯфонҳо, -  менависад ӯ, -  муттаҳидшавии ситораҳо дар ҳайате аз ҳайатҳо буда, ғолибияти яке аз унсурҳоро дар курраи замин воҷиб месозад. Воқеан сабабҳои заминӣ ва истеъдодҳои унсурӣ ба тӯфонҳо мусоидат мекунанд. Тӯфонҳои обӣ шояд аз интиқолоти бухор бар масоҳати калон якбора ба вуқӯъ меоянд,  бо сабабҳои бузурги бодӣ он воҷиб мешавад ё сабабҳо мӯҷиби пурзӯршавии мад мегарданд ва аз боронҳои доимӣ ва аз мубаддалшавии аз ҳад зиёди бухор ба об дар ҳаво, тӯфони обӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Тӯфонҳои оташӣ аз сӯхтани бодҳои тӯфонӣ ориз мешаванд ва онҳо шиддатноктар интишор мешаванд. Тӯфонҳои хокӣ аз ҷоришавии беҳад зиёди рег бар заминҳои обод ориз мешавад. Тӯфони ҳавоӣ аз ҳаракати бодии бағоят шадид ба вуқӯъ мепайвандад ва харобиовар мебошад».[18]

Адабиёт:

  1. Ибн Сино. Аш-шифо. Табииёт. Ал-маодин ва осору-л-улвия.

– ал-Қоҳира, 1980

  1. Григорян С.Н., Сагадееев А.В. Избранные произведения

мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IХ-ХIVвв. – Москва, 1961

 

[1] Григорян С.Н., Сагадеев А.В. Избранные произведения мыслителей стран Ближнего и Среднего Востока IХ-ХIVвв. – Москва, 1961

[2] Ибн Сино. Аш-шифо. Табииёт. Ал-маодин ва осру-л-улвия. – Ќоњира, 1980. - Сањ. 3

[3] Њамон љо. – Сањ. 6-7

[4] Њамонљо. Сањ. 13-14

[5] Њамон љо. Сањ. 15

[6] Њамон љо. - Сањ. 20

[7] Њамон љо. Сањ. 22

[8] Њамон љо. Сањ. 25

[9] Њамон љо. Сањ. 31

[10] Њамон љо. Сањ. 35,

[11] Њамон љо. Сањ. 39

[12] Њамон љо. Сањ. 42

[13] Њамон љо. Сањ. 47

[14] Њамон љо. Сањ. 50, 52

[15] Њамон љо. Сањ. 55

[16] Њамон љо. Сањ. 58

[17] Њамон љо. Сањ 68

[18] Њамон љо. Сањ. 75