Лого
 

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018

Андешаи муҳаққиқон

Joomla шаблоны бесплатно http://joomla3x.ru

Муҳиба Маҳмадҷонова

Андешаҳои фалсафӣ дар рисолаи «Ҳай ибни Яқзони» Ибни Сино

Мақом ва мартабаи Ибни Сино пеш аз ҳама дар унвонҳои фахрии ӯ-Шайхурраис- чун пешво ва ташакулдиҳандаи равияи фалсафии машшоия, ки шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст, ва Хуҷҷатул ҳақ, ки ишорат ба ошкоркунандаи ҳақиқати илмӣ будани Ибни Сино аст, муайян гардидааст. Таҳти ин унвонҳо асрҳост, ки Ибни Синоро ҷаҳони илму маърифат мешиносад ва ёдовар мешавад.

Баҷаҳонбинии фалсафии Ибни Сино касби ӯ - тибб низ таъсир расонидааст, ки нигоҳи дақиқ, мантиқӣ ва пайгиронаи илмӣ ва объективиро нисбати олам, одам ва ҳодисоти онро талаб менамояд. Эътимоди қавӣ ва собит ба ақл, ақлгароии қотеона ва боварии бечуну чаро нисбати имкониятҳои беҳудуди он дар шинохти ҳастӣ ба Ибни Сино имкон додааст, ки илми тиббу фалсафа ва улуми дигарро ба арши аъло бардошта, андешаву фарзия, назария ва ҳақиқатҳоеро иброз дорад, ки дар замони муосир низ аҳамияти худро аз даст надодаанд. Аз ин рӯ хусусият ва усули фалсафии Ибни Сино бегуфтугӯ ақлгароёна буда, дар он мақоми мантиқ ва тафаккури мантиқӣ аввалиндараҷа мебошад.

Чунин мавқеъгирии Ибни Сино нисбати ҳастиву олам аз як ҷиҳат - нерӯи бузурги рушду инкишофи илмҳои ақлонии Шарқ гардида бошад, аз ҷониби дигар сабаби ба вуҷуд омадани равияи зидди ақлгароӣ шуд, ки ақлро зоҳирбину сатҳгаро меҳисобанд.

Ибни Сино фалсафаи Юнони қадимро моҳирона истифода бурда ҳам фалсафаи табиӣ ва ҳам фалсафаи мовароуттабиаро дар ҳошияи равияи фалсафии машшоия инкишоф медиҳад. Бинобар ин аз осори ӯ огоҳии олӣ аз равияи фалсафаии Афлотун ва алалхусус Арасту ошкор шуда, ӯ натанҳо пайрав, шореҳ ва мутарҷими мафоҳими фалсафӣ, балки рушду нумӯдиҳандаи он дар заминаи андешаи бостонии Шарқ ва хусусан Мовароуннаҳру Хуросон мебошад.

Оид ба осори зиёди гаронбаҳои илмиву фалсафии Ибни Сино таҳқиқоти зиёде мавҷуд аст. Бояд гуфт, ки Ибни Сино ба таълифи асарҳои хурде низ даст задааст, ки бо вуҷуди шаклан адабӣ будан, мазмуни амиқи фалсафӣ доштаанд. Яке аз асарҳои кӯтоҳи ӯ «Ҳай ибни Яқзон» буда, бо жанри «повести фалсафӣ» дар адабиёти ҷаҳон оғоз гардидааст.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки баъди «Ҳай ибни Яқзони» Ибни Сино, асари Юсуфи Баласагуни (сс. 1015—1070) «Кутадгу билиг», осори Ибни Туфайл (сс.1105 - 1185 ) «Ҳай ибни Яқзон» Суҳравардӣ (сс. 1155—1191) «Ҳай ибни Яқзон», Абдураҳмони Ҷомӣ (сс. 1414-1492) «Саломон ва Абсол» ва монанди ин таълиф гардидаанд, ки дар пайравии бевосита аз рамзиёти фалсафӣ, мазмун, каҳрамонҳо ё ғояи Ибни Сино навишта шудаанд. Дар пайравӣ аз ин асари Ибни Сино, дар таърихи фалсафаи Шарқ асари Ибни Туфайл (тах. 1110-1185) ва Шиҳобуддини Яҳёи Суҳравардӣ (сс. 1155-1191) асари ҳамноме таълиф намудаанд, ки дар онҳо се мавқеи вижае дар идроку ташреҳи мақом ва мартабаи инсон матраҳ гардидааст. Ин се асар ба алоҳидагӣ- падидаҳои муҳими фалсафӣ ба ҳисоб мераванд, зеро ба ташаккули равияи махсус дар фалсафаи тоҷик - инсоншиносии фалсафӣ бунёд гузошта, тахминан дар муҳити наздики таърихӣ се роҳи вижаро дар ин соҳа муайян кардаанд.

Боиси тазаккур аст, ки як идда осори мутафаккирону орифони Мовароуннаҳру Хуросон низ ба жанри ривоят ё романи фалсафӣ мувофиқат мекунад, ки дар ин росто бояд аз «Хадиқатул ҳақиқаи» Саноии Ғазнавӣ, «Мантиқут тайри» Фаридуддини Аттор, «Маснавии маънавии» Ҷалолуддин Балхии Румӣ ёдовар шуд, ки бо вуҷуди шакли бадеӣ доштан, дар онҳо рамзиёти фалсафӣ-тасаввуфӣ фаровон истифода гардидаанд.

Шуҳрати асари Ибни Сино «Ҳай ибни Яқзон» ва пайравони ӯ ончунон фарогир будааст, ки таъсираш ба фалсафаи инсоншиносии ҷаҳон, ба вижа - фалсафаи Аврупо мерасад. Зеро дар фалсафаи Аврупо, хусусан давраи маорифпарварии он мушоҳида мешавад, ки таълифи асарҳои монанд ва ё тарҷумаи асарҳои мазкур ба забонҳои ҷаҳон сурат мегирад.[1] Дар ин қатор бояд аз осори Данте Алигери, Даниел Дефо, Волтер ёдовар шавем, ки дар жанри повест ё ривояти фалсафӣ офарида шудаанд.

Мақсаду мароми асосии асари «Ҳай ибни Яқзони» Ибни Синоро метавон аз ба риштаи муҳокима кашидани мавзуи фалсафа муайян кард. Маълум аст, ки худи фалсафа аз дохили қиссаву асотир ба вуҷуд омада бо зуҳури худ 2 ҷанбаро равшан карда аст. Аввал ин, ки «пешазфалсафа» будани қиссаву асторирро намоиш дода, дигар ин ки – фалсафаро аз «пешазфалсафа» ҷудо ва онро ҳамчун андешаи эҷодӣ, озод, мустақил ва созандаи ақлонӣ муаррифӣ намуда, онро ҳамчун методологияи вижаи таҳқиқоти илмӣ ба қиссаву асотир муқобил гузоштааст. Аз ин лиҳоз Ибни Сино исбот менамояд, ки фалсафа аз аввал пайдоиши худ хусусияти ақлонӣ буданашро нигоҳ дошта, бо ҳастии онтологии худ - ягона бурҳон ва қолаби рушди тафаккури илмӣ ба шумор меравад. Дар асари мазкури Ибни Сино мо намоди онро дармеёбем, ки оё таносуби ривоят ва тафаккури ақлонӣ дар раванди омӯзиши ҳастӣ чӣ гуна бошад, ва  махсусан - тафаккури ақлонӣ - яъне ратсионализм – бояд бо кадом масоил ва чӣ гуна машғул шавад

Дигар ҳадафи Ибни Сино аз таълифи ин асари бадеӣ-фалсафӣ – ошкор намудани ҳамоҳангии ҳастӣ, олам бо инсон, ба истилоҳи дигар - муайян намудани мақом ва мартабаи инсон дар ҳастӣ мебошад.

Муҳаққиқон таъкид доранд, ки гарчанде Ибни Сино асосан арастугаро аст, «Хай ибни Яқзон»-ро ӯ дар пайравии Афлотун ва навафлотуниён навишта,[2] дар он қиссаҳои рамзиеро бо забони рамзӣ ҷой дода, мехоҳад сайру сулуки ақлонии бани одам, рушди тафаккури ӯ аз даврони пешазфарҳангӣ то ба фарҳангиро шарҳ диҳад.

Қиссаи фалсафии Ибни Сино як рамзи «сайри маънавӣ» буда, дар он «рӯҳи нотиқаи» инсон ба парвози маънавӣ меояд. Рӯҳи нотиқа ҷаҳони моддиро тарк карда, ба ҷаҳони улвӣ ворид мешавад. Ин ҷаҳонест, ки танҳо дар тасаввури инсон мавҷуд буда, дар он рӯҳи инсон оид ба хулосаҳои фалсафӣ оид ба ҳақиқат маълумот ба даст меорад. Яъне, сафари мазкури руҳ як навъи муҷоҳида ва худшиносии инсон мебошад, онро такмили  маънавӣ мебахшад.

Дар ин ҷо таъкид намудан бамаврид аст, ки масъалаи таносуби рӯҳу тан аз масъалаҳои марказии фалсафаи асримиёнагии Шарқ ба шумор рафта, ҷавҳари мубоҳисоти ғоявии даврро ташкил менамуда аст. Мутафаккирони машшоъ, ки Ибни Сино дар садри онҳо қарор дошт, ҳамчун пайравони равияи Арастуӣ, таъкид мекунанд, ки рӯҳ ва тан аз ҳамдигар ногусастанӣ бошад ҳам, танҳо ба инсон ин падида хос нест.[3] Худи Арасту дар «Рисолаи Нафс» ин масъаларо таъкид намуда исбот мекунад, ки рӯҳи наботӣ ё ҳайвонӣ аз тан ҷудо нашуда мемирад ва дар колбади тан ба пӯсишу нобудӣ мерасад. Дар ҳоле, ки рӯҳи инсон, ҳамчун рӯҳи ақлонӣ ё мутафаккир, абадӣ буда, ҳангоми фавтидан колбади худро тарк мекунад ва аз тани фонӣ ҷудо мешавад. Дар ин радиф Арасту андешаи Анаксагорро далел оварда мегӯяд, ки аввалан, фаъолияти ақл, ки тафаккур аст, «имкон» аст. Он чиро, ки мо дар рӯҳ бо номи «ақл» ёд мекунем, бо чизе махлут нест ва бо чизҳои шаклдор пайванде надорад. Аз ин рӯ ақл бо тан пайваст нест. Дигар ин, ки қобилияти ҳиссии ҳайвонот, ки онро рӯҳи ҳайвонӣ меноманд, ҷон надорад ва бинобар ин аз тан (тело) канда буда наметавонад. Ақл бошад, аз тан ҷудост. Сеюм – азбаски Арасту аз шарҳи пурраи таносуби ақл ва қобилияти назариявии он иҷтиноб менамояд, дар ин маврид танҳо дигаргуна будани рӯҳи инсонро қайд кардааст ва бо ин ба алоқамандии байни мафҳуми «абадӣ» (дар асари Ибни Сино – Яқзон -Ҷабраил,  мутлақ) ва «фониро» (Ҳай- зинда, руҳи нотиқа) ишора кардааст.[4]

Ибни Сино бо нақли он, ки рӯзе огоз менамояд, ки рӯзе дар мулки худ –яъне «тан», бо дӯстонаш (се қувваи ҳайвонии нафс) ба сайру тамошои атроф баромаданд. Ин минтақаро (яъне сайри тафаккурро берун аз муҳити олами ҳиссӣ, ки он бо аъзои бадани инсон марбут аст), одамон ҳамчун ҷое тамошобоб ва роҳатафзо инхоб кардаанд. Ҳангоми ин сафар ногаҳон бо пири ҳаким вомехурад, ки худро Ҳай-яъне «зинда», ки фарзанди Яқзон «бедор» мебошад, ном мебарад. Ин пири хирадманд хеле ҷавон менамуд: қуввату неруи бозувонаш қавӣ, қоматаш рост, ҳаракати ҷавонона дошта, сафедии мӯяш он қадре буд, ки танҳо ҳусн меафзояд. (яъне табодул ва таҳаввулоти олам, ки абадист, аз рӯи қонунмандиҳои худ сурат гирифта, доимо ҷавон мемонанд ва ифодагари низоми абадии Коинотанд). Ҳисси кунҷковӣ ӯро барои шиносоӣ водор менамояд. Ниёзмандии мазкур хоҳиши ҳамсӯҳбат шудан бо пири хирадмандро боло бурда, солик бо дӯстонаш назди пир мераванд, аммо ӯ аввалин шуда бо онҳо саломуалейк менамояд. (Ақли инсон нисбати дарки муҳити атроф қобил аст, яъне раванди тафаккури олам барои ӯ имкон аст. Ақли моддӣ бошад, аз тариқи иттиҳод бо ақли фаъол, ҳамчун ҷанбаи ташаббускори омӯзиш, ҷаҳонро дарк мекунад). Сӯҳбати ширини пири хирадманд - таҷассумгари лаззати эстетикӣ мебошад, ки инсонро аз раванди пажӯҳиш  фаро мегирад. Ҳай худро аз Байтулмуқаддас, ки таҷассумгари қонунмандиҳои собити олам аст, ном мебарад. Касбаш сайёҳӣ ва дарвешӣ будааст. Хай таъкид мекунад, ки абадӣ аст, ҳамеша рӯ ба рӯи ман аст. (Яъне-падари Ҳай-Яқзон ба ташреҳи Пурҷаводӣ, таҷассумгари Ақли аввал, Ақли кайҳонӣ, ки бевосита аз Вуҷуд маншаъ мегирад, буда, дар айни ҳол дар худ низоми ҳастиро  ифода мекунад.)[5] Ҳамин тавр ривоят зина ба зина мураккаб ва ташбеҳу истиорахои фалсафӣ мантиқӣ мешаванд. Бо тамсилҳои худ Ибни Сино маърифати мантиқӣ, қувваҳои ҳадс, ғазаб, шавқ, қвваҳои дигари нафсониро як як ва дар муттаҳидӣ, таносуби байни ҳақиқати мутлақ, айнӣ ва нисбӣ, таҷриба –мушоҳида ва назария, мазмун ва муҳтавои камолоти маънавӣ ва дониши мукаммал ҷанбаҳои моддӣ ва маънавии ҳастӣ ва мафҳуму маъниҳои мутаззодро шарҳ дода, дар маҷмӯъ сохтори олам, таркиб ва табақабандии вуҷудро зина ба зина маънидод менамояд. Ҷолиб аст, ки интиҳои сухан дар марҳилаи шинохти Офаридгор ба охир расида, дар ин зина  бо ишорат ба Ишорот ва Танбеҳот, имконияти шинохта он ба се гуруҳи соликони роҳи ҳақ мансуб дониста мешавад. Дар хулоса Хай таъкид медорад, ки суҳбаташ бо солик натанҳо ҷиҳати роҳбаномӣ ба камолоти ӯ, балки барои камолоти худи Хай ва ба худошиносӣ расидани ӯст ва соликро даъват ба худошиносӣ менамояд, ки дар асари «Рисолат ат Тайр» давом дорад.

Ибни Сино сайру сулуки руҳро он тавре тасвир менамояд, ки имрӯз дар филмҳои кортунӣ-мултфилмҳо ифода мешавад. Ба истилоҳи муосир, онро метавон Сайнс-Арт номид, зеро дар пайравӣ аз қаҳрамонони асари Ибни Сино - пири маънавӣ, ки хеле симои воқеӣ дорад, ҳакимеро дармеёбем, ки соликро аз кӯҳу водиҳои дониш раҳнамоӣ намуда, бо роҳи хушкиву обӣ ба дарки ҳақиқат мерасонад. Ҳакиму пири хирадманди Ибни Сино ва пири тариқат як чиз нестанд. Пири хирадманди Ибни Сино -таҷассумгари ақли фаъол мебошад, ки дар фалсафаи Ибни Сино - Хай- ақли зинда ё ақли даҳумро дар роҳи маърифати ҳастӣ роҳнамоӣ мекунад. Падари ӯ - Ақли аввал- Яқзон-ё ақли бедор аст. Ҳамин тавр, моҷарои ин ду -шарҳи он аст, ки чӣ тавр Ақли фаъол Ақли нотиқа ё гӯёро бо роҳхои пуршебу фарози маърифат бурда, ӯро соҳибмаърифат менамояд. Бо суханони дигар, ин қисса ба шарҳ додани раванди маърифати инсон бахшида шуда дар он ҷанбаҳои онтологӣ ва гносеологии раванди маърифат ифода ёфтаанд.

Ибни Сино бар ривояти фалсафии худ зинаҳои асосии раванди дарёфти ҳақиқати илмӣ, ё пайдо кардани донишро равшан нишон медиҳад. Аз ин рӯ Хай дар синну соли муайян аз сарпарастии модар-ғизоли худ раҳоӣ ёфта маҷбур мешавад, к иолами атрофашро мустақилона омӯзад. Ӯ билохира ба дарки ҳақиқати мутлақ - вуҷуди Бори таоло мушарраф мегардад, ки Ибни Сино онро ҳамчун ниёзмандии фитрии Хай, ки ба ӯ аз ҷониби падараш Яқзон ирсӣ дода шудааст, меҳисобад. Дарки олами атроф зина ба зина Хайро ба хулосаҳои мантиқӣ дар бораи олами ҳастӣ мерасонанд, ӯ аз мушоҳидаи ба хулосабарорӣ аз хулосабарорӣ ба муҳокимаҳои малтиқӣ ва аз он ба натиҷаи мантиқии олӣ дар мавриди ҷавҳар ва сохтору таркиби олам ноил мегардад.

Ҳанӯз шореҳони аввалини асари мазкури Ибни Сино ба он мазмуну муҳтавои динӣ бахшида, масалан Ҷузҷонӣ Пир ё ҳакимро Ҷабраил меномад, ки мисли малоикаи дигар абадӣ буда, тобеи фазову вақт намебошанд. Солик ин маликаи ҳикматро дар ҳоле дармеёбад, ки бо вуҷуди доштани қомати пирон, симои нуронӣ, қувваи ҷавонӣ дошт. Дар ин ҷо донишмандии ақл ба сони пири рӯзгордида таъкид гардида, қудрати доимо таҷдидшаванда, чандирӣ ва чолокии он- ишора ба ҷавонӣ аст.

Дигар масъалаи мубрами асари Ибни Сино «Хай ибни Яқзон» ба инсон ва мақому манзалати он дар ҳастӣ мебошад. Бояд таъкид гардад, ки бо ин асар Ибни Сино ҳамчун яке аз бунёдгузорони антропологияи фалсафии Шарқ баромад намуда, мақоми ақлгароёнаи инсоншиносиро ривоҷу равнақ додааст.

Дар баробари ин Ибни Сино масоили ахлоқии вобаста бо ҷомеаи инсонӣ, ташаккули шахсият, таносуби ҳайру шарро барҷаста мегузорад. Инсон ҳамеша хостор ва умедвори хайр аст ва дар кӯшиши ҳифзи ҳувияти худ қадам мезанад. Дар ин масъала андешаи Ибни Сино бо андешаи Абулхайр ва орифон ҳамҷавор мешавад. Роҳи тасаввуф ин равандро на ба тариқи мубориза бо воқеият, на дар мухолифат бо он, балки аз тариқи танзими ҳаёти шахсии худ, риояи хостаҳои фарҳангу расму оини миллӣ, бо нигоҳдории муҳити умумифарҳангии миллат татбиқ менамояд. Дар ин раванд адаб ҳамчун роҳи умумиинсонии муҳим, метавонад шахсро ба ҳамнавоӣ бо фарҳангҳои дигар водор намуда, ӯро дар роҳи таҳзиби ахлоқӣ мутмаин ва бо таҷрибаи ҳамкорӣ бо инсону фарҳангҳои дигар мусаллаҳ намояд. Дар натиҷа умеди инсон нисбат ба ояндаи хайр на дар шакли ирфонӣ, балки дар ҳаёти воқеии минбаъда татбиқ гардида, дар натиҷа ҳамраъии фарҳангӣ аз иттиҳоду ҳамгироӣ сабаби таҳаввули хайргароёнаи сохторҳои иҷтимоӣ мегардад.

Дар мавриди усули таҳқиқ ва маншаи фикрии осори Ибни Сино андешаронӣ намуда М.Диноршоев Хай ибни Якзони ӯро на ирфонӣ, балки намоде аз фалсафаи Машриқ, идомаву мухтасари «Китоби Шифои» ӯ меҳисобад, ки комилан дуруст аст. Зеро аз мазмуну мундариҷаи ин асар бармеояд, к ибо вуҷуди саропо рамзиву тамсилӣ будани он, масоили матраҳшудаи фалсафӣ дар он барои ҳалли масоили табиӣ, алалхусус тафсири раванди тафаккури инсон, донишандӯзии он бахшида шудааст. Дар ҳоле, ки масоили ирфонӣ комилан барои дарки ҳақиқати илоҳӣ ва вижагиҳои расидан ба Худовандро фаро гирифта, ҷанбаи моддии ин масъала пурра дар зинаи аввали маърифат, ё «марҳилаи омодагӣ ба дарки ҳастӣ» боқӣ мемонад. Бад ин тариқ, асари Ибни Сино ва осори ирфонии ҳамноми Ибни Туфайл ва Суҳравардӣ аз рӯи метод ва методологияи таҳқиқ, объект ва предмети омӯзиш дар муҳити гуногун қарор дошта, шабоҳати зоҳирӣ доранд.

Аз тақдири минбаъдаи таълифи чунин осор ба мушоҳида мерасад, ки он бештар шакли ривояти фалсафӣ-ирфониро дар асари ҳамноми Ибни Туфайл ва соф ирфониро дар асари ҳамноми Сухравардӣ гирифтааст. Дар ин ҷо ривояти Хайи солик ва сайру сулуки ӯ дар муҳити олии рӯҳ, мароҳили ғалаба ба нафс ва тасфияи қалб, рӯх ва равонро дармеёбем, ки бештар бо рамзиёти ирфонӣ марбут буда ба ҳалли масоили мовароуттабиа ва худошиносӣ бахшида шудаанд. Яъне минбаъд, дар жанри ривояти фалсафӣ он шавқу рағбате, ки нисбат ба шарҳи олами ҳастӣ марбут буда, маънии бузурги дунявии асари Ибни Синоро ифода мекард ва дар равияи ақлгароӣ таълиф шуда буд, аз байн рафта аст.

 

[1] Матем Мухаммед Таха ал-Джанаби. Повесть о Хайе ибн Якзане. Ибн Сина. Ибн Туфайл. ас- Сухраварди. М.2018.

[2] Пурљаводї Н. Хай .б. Йакзан,М. 2018. –С. 181.

[3] Диноршоев М. Философия Насириддина Туси. Душанбе, 1968 с.74.

[4] Аристотель. О душе. М. 1937. –с. 40.

[5] Ибн Сина. Трактат о Хаййе, сыне Йакзана. М. 2018. С. 31.