Лого
 

Андешаи муҳаққиқон

nachodki.ru интернет-магазин
Ҷаҳоншумулии Наврӯз ва бузургдошти илм дар осори Абурайҳони Берунӣ
(«Наврӯзнома»-и Берунӣ)

Аҳмадҷон Ҳоҷизода
номзади илмҳои филологӣ, корманди пешбари
Маркази синошиносии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

fotoМардуми тоҷик ва дар кулл, ориёинажод бо расолати фарҳангии худ, ки дар назди инсоният доранд, бешубҳа, мардуми хушбахтанд, зеро саҳми онҳо дар илму фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Яке аз ин дастовардҳо бунёди оини Наврӯз аст, ки бофтаву тофтаи илми нуҷум (астрономия) ва илми ахлоқ (тарбия) аст. Воқеан, илми аслӣ ҳамон аст, ки дархӯри ҳама ва оламшумул бошад ва барои тамоми ҷаҳониён хидмат намояд. Падидаи ҷаҳонӣ будани илмро аз баррасии осори мутафаккироне чун Абубакри Розӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дарёфтан мумкин аст. Ин олимони мутабаҳҳири тоҷикзабон (хоразмиву суғдиву хуросонӣ), ки дар бештари риштаҳои дониши замони худ осори пурарзиш офаридаанд, дур аз таассуботи минтақавӣ, милливу мазҳабӣ ва идеологӣ дар таблиғу интишори илм кӯшидаанд ва дар ба вуҷуд овардани илми сатҳи ҷаҳонӣ ҳиссаи сазовор гузоштаанд. Осори ҷовидонаи илмии онон дар Шарқу Ғарб баҳои сазовор гирифта, дар тӯли асрҳои зиёд барои инсоният хидмати босазо расонида меояд. Бояд гуфт, ки бо ин амали худ ин бузургони илму фарҳанг расолати бесобиқаи таърихии мутафаккирони тоҷику форсро ба намоиш гузоштанд, ки миллатҳои ориёасл на танҳо барои қавми худ дар маҳдудаи этникӣ, балки барои тамоми ҷаҳониён хизмат мекунанд.


Мутафаккирони дар боло зикршуда намунаи беҳтарин ва улгу ё марҷаи тақлид барои насли ҷавони тоҷику тоҷикистонӣ ва мардумони ҳамҷувори мо дар Осиёи Марказӣ шуда метавонанд, ки аз дину ислому тамаддуни исломӣ ва тамаддунҳои дигари собиқадор барои пешрафти илму рушди интеллектуаллии мардуми ҷаҳон чӣ гуна хидмати босазо кардаанд. Абурайҳони Берунӣ аз ин мавқеъ осори илмии худро бо истифодаи фаровон аз тамоми манбаъҳои дастраси замони худ, ки аз паҳлавиву ҳиндӣ, калдониву мисрӣ ва юнониву суриёнӣ ба арабӣ гардонида шудаанд, таълиф кардааст. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Берунӣ саҳми ҳар яке аз ин тамаддунҳоро дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ба хубӣ нишон додаст. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз ин гуна ашхос дар дунё ангуштшуморанд.
Дар «ал-Осор ал-боқия» - яке аз асарҳои беназири Абурайҳони Берунӣ, ки ба илми гоҳшиносӣ (хронология) ихтисос дорад, дар бораи тақвиму иду айёми мардумони олам аз даврони қадим то замони муаллиф сухан меравад. Тарзе ки муҳаққиқи ин асари Берунӣ Акбари Доносиришт қайд мекунад: «Пеш аз Берунӣ ин масоил (ки мавриди баҳси «ал-Осор ал-боқия» аст – А.Ҳ.) ба таври пароканда дар кутуби таворих ва дафотири нуҷумӣ навиштаҳои мазҳабии милал мавҷуд буда ва ҷамъоварии ин иттилоот ва диққату иҷтиҳод дар онҳо ва санҷидани ин ақвол бо миқёсҳои таърихӣ ва аҳёнан бо мизонҳои илмӣ ва сурати ваҳдонӣ бахшидан ба ин баҳсхо кори мардест, ки ҷаҳони фартут монанди ӯро дар кӯшишу ҳуши худодод ва эътиқод ба ҳақиқат камтар дидааст».[1]
Маълумоте, ки муҳаққиқон аз «ал-Осор ал-боқия» ба даст меоранд, воқеан, назирашон дар навиштаҳои дигарон нест ва қисме аз манбаъҳо, ки мавриди истифодаи Абурайҳон буда имрӯз аз миён рафтааст.Барои таъкиди аҳамияти китоби мазкури Абурайҳон Берунӣ муҳаққиқи эронӣ чунин менигорад: «…мо эрониён аз Берунӣ сипосгузорем, ки нагузошт маълумоти бисёр арзанда дар бораи аъёду айём ва таворихи марбут ба Эрон фаромӯш шавад ва агар кори ӯ набуд, ин қисматҳо низ аз хотирҳо мерафт»[2].
Дар интихоби манбаъҳо эҳтиёткории зиёд намудани Абурайҳони Берунӣ ва сараро аз носара ҷудо кардани ӯ аз ин навиштаҳои ӯ ошкор мегардад: «Яксара он чиро, ки дар зичҳо нигоштаанд, канор мегузорем, зеро нависандагони ин дафотирро таваҷҷуҳ ва инояте ба ин айём набуда ва дар аксари ин кутуб ба нақл аз нусхаҳои фосид, ки бештари онҳо сохтагӣ аст, кифоят шуда. Ва ман он чиро, ки аз ноҳияи худи зардуштиён ба даст овардаам, ки барои эътиқоди динӣ таваҷҷуҳи хос ва инояти махсус ба ин рӯзҳо доштаанд, дар ин ҷо нақл мекунам. Дар кутуби Родвайҳ ибни Шоҳвайҳ ва Хуршед ибни Зиёр – мубади Исфаҳон ва Муҳаммад ибни Баҳром матолибе дар ин баҳс ёфтам, ки маро аз дигар мароҷеъ бениёз карда ва онҳоро дар ин ҷо бозгӯ мекунам».[3]
Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия» ба ҷашни Наврӯз бобҳои муфассале бахшидааст ва баргузории ин ҷашнҳоро назди эрониён, суғдиён ва хоразмиён ба тарзи алоҳида баён ва баррасӣ кардааст. Ин мутафаккири бузург бо ҷузъиёти ҳайратовар ва бо равиши илмии хоси худ ба мавзӯи Наврӯз мепардозад ва ҳар нуктаро дар ин баҳс бо далелҳои устувор асоснок мекунад. Аз ҷумла: «Эрониён вақте ки солҳои худро кабиса мекарданд, фаслҳои чаҳоргонаро бо моҳҳои худ аломат мегузоштанд. Ва фарвардинмоҳ аввали тобистон ва тирмоҳ аввали поиз ва меҳрмоҳ аввали зимистон ва даймоҳ аввали баҳор буд.
Бархе аз ин айём марбут ба умури дунявӣ аст ва порае марбут ба умури динӣ. Аммо умури дунявӣ идҳои муқаддасе аст ва рӯзҳои бузург, ки подшоҳону бузургони дин онҳоро вазъ карда, то муҷиби шодмониву фараҳ ба василаи касби ҳамду сано ва дӯстиву дуои хайри мардум шаванд. Ва барои тудаи мардум русуме қарор доданд, ки онон низ битавонанд дар чунин суруре ширкат кунанд ва тоату хизматгузории худро нисбат ба подшоҳон изҳор кунанд. Ва ин рӯзҳо яке аз сабабҳоест, ки тангии рӯзии фуқароро ба як зиндагонии фарох мубаддал месозад ва орзуҳои ниёзмандонро бароварда месозад ва ононро, ки наздик ба ҳалок расида ва дар гирдоби бало афтодаанд, раҳоӣ мебахшад. Аммо айёми диниро диноварон ва шоирони онон аз пешвоёни мазҳабӣ ва фақеҳону диндорон вазъ карданд ва мақсуд аз вазъи ин айём ва анҷоми суннатҳои он низ монанди мақсуд ва ғоят аз вазъи рӯзҳои марбут ба умури дунявӣ буд, ҷуз ин, ки дар ин рӯзҳо аҷру савоби ухравӣ низ мадди назар буд».[4]
Абурайҳони Берунӣ тазаккур медиҳад, ки суннатҳову оинҳои муайян барои ин айём вазъ карда буданд, ки аз пешиниён ба мерос расида ва онҳоро табарруку хуҷаста медонистанд. Сипас ба зикри моҳҳои эрониён ва идҳое, ки дар ҳар кадом моҳ ҷашн гирифта мешаванд, пардохта, аз Фарварвардин ва Наврӯз сухан оғоз мекунад. Берунӣ дар ду ривоят оид ба Наврӯз ва суннатҳои он ёдоварӣ менамояд. Яке ин аст, ки: Сулаймон пайғамбар чун ангуштарии худро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳиву фармондеҳӣ бар ӯ баргашт. Ва мурғон бар гирди ӯ гирд омаданд, эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад», яъне рузи тоза биомад. Ва парасту бо минқори хеш қадре об овард ва бар рӯи Сулаймон пошид ва як рони малах низ ҳадия овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашҳо ба назди ҳам мефиристанд.
Ривояти дигар ба ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (С) иртибот мегирад, ки ровиён онро ба Ибни Аббос нисбат медиҳанд. Нақл кардаанд, ки дар Наврӯз зарфи нуқрагин, ки пур аз ҳалво буд, барои Пайғамбар (С) ҳадия оварданд. Ва он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: имрӯз рӯзи Наврӯз аст. Пурсид, ки Наврӯз чист? Гуфтанд: иди бузурги эрониён аст. Фармуд: Оре, дар ин рӯз буд, ки Худованд аскараро зинда кард. Пурсиданд: Аскара чист? Фармуд: Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда ва сар ба биёбон ниҳоданд. Ва Худованд ба онон гуфт: Бимиред. Ва мурданд, сипас ононро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онон биборад. Аз ин рӯст, ки пошидани об дар ин рӯз расм шудааст. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва зарфро миёни асҳоби худ қисмат карду гуфт: Кош, ҳар рӯзе барои мо Наврӯз буд!
Абурайҳон Берунӣ қиссаҳои зиёди дигарро низ, ки ба пайдоиши Наврӯз дар замони Ҷамшед ва оинҳои наврӯзӣ алоқамандӣ доранд, баён менамояд. Аз ҷумла, оид ба пайдоиши суннати сабзондани гандум, ки имрӯз дар байни мардуми мо ривоҷи тамом дорад, Абурайҳони Берунӣ ривояти зеринро меорад: «…Иблиси лаин баракатро аз мардум бурда буд, ба андозае, ки ҳар чӣ аз хӯрданиву ошомиданӣ тановул мекарданд, аз таому шароб сер намешуданд. Ва низ бодро намегузошт бивазад, ки сабаби рӯидани набототу дарахтон шавад ва наздик буд, ки дунё нобуд гардад. Пас Ҷамшед ба амри Худованд ва роҳнамоии Ӯ ба қасди манзили иблис ва пайравони ӯ ба сӯи ҷануб шуд ва дер гоҳе дар он ҷо бимонд, то ин ки ин мушкилро бартараф намуд. Он гоҳ мардум аз нав ба ҳолати эътидол ва баракату фаровонӣ расиданд ва аз бало раҳоӣ ёфтанд. Ҷамшед дар ин ҳангом ба дунё бозгашт ва дар чунин рӯзе монанди офтоби тобон шуд ва нур аз ӯ метофт. Ва мардум аз тулуи ду офтоб дар як рӯз шигифт намуданд. Ва дар ин рӯз ҳар чӯбе, ки хушк шуда буд, сабз шуд ва мардум гуфтанд: «Рӯзи нав». Ваҳар шахс аз роҳи табаррук ба ин рӯз дар таште ҷав кошт. Сипас ин расм дар эрониён пойдор монд, ки рӯзи Наврӯз дар канори хона ҳафт навъ аз ғалла дар ҳафт табақ бикоранд ва аз рӯидани ин ғаллаҳо хубиву бадии зироат ва ҳосил дар ин солро муайян кунанд».[5]
Чун дар ин мақола мо имкони гунҷондани тамоми он чиро, ки Берунӣ дар бораи Наврӯз менависад, надорем, бо овардани масъалаи марбут ба мавзӯи хироҷи наврӯзӣ, ки дар қадим подшоҳон аз раият меситондаанд, баррасии Наврӯзро дар «ал-Осору-л-боқия» хулоса мекунем.
Мутаваккили Аббосӣ дар шикоргоҳи худ машғули гардиш буд, ногоҳ ба киштзоре расид, ки ҳанӯз хӯшаҳои он нарасида буд ва мавқеи дарав нашуда буд. Ва гуфт: Убайдулло ибни Яҳё (вазири халифа -А.Ҳ.) аз ман иҷоза хост, ки аз мардум молиёт ва хироҷ биситонад, бо он ки ҳанӯз ҳосил ба даст наёмада ва ғалла сабз аст ва мардум аз куҷо биёваранд, ки то ба мо хироҷ диҳанд. Дар посух арза доштанд, ки ин кор зиёнҳои фаровон ба мардум ворид сохта ва раоё матои дастранҷи худро пешфурӯш менамоянд, то хироҷи девонро бипардозанд. Ва дастае ҳам чун аз пардохти молиёт нотавон ҳастанд, аз ватани модарзоди худ кӯч мекунанд ва мардум аз ин кор бисёр шикоятҳо доранд.
Мутаваккил гуфт: Оё ин кор дар аҳди ман шуд, ё пеш аз ман ҳам буд? Гуфтанд, ки ин кор аз одатҳои подшоҳони Эрон аст, ки дар аввалҳои Наврӯз аз раоёи худ хироҷ меситонанд ва подшоҳони Эрон дар ин кор пешрав ва сармашқи мулуки араб шуданд.
Мутаваккил чун ин посухро шунид, бифармуд, то мубадро ҳозир карданд ва ба мубад гуфт, ки дар ин масъала бисёр гуфтугӯ шудааст, ман ҳам наметавонам аз русуму одоти подшоҳони Эрон по берун ниҳам. Ва бо он ки подшоҳони Эрон мардуми боотифа ва раиятпарвар буданд ва ба адл машҳури ҷаҳониён ва ҳамвора дар кори мардум назар доштанд, чаро дар аввали Наврӯз, ки ҳанӯз хирман ба даст наёмада, аз раияти худ хироҷ мегирифтанд?
Мубад арза дошт: Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми Наврӯз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврӯз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст омада буд.
Мутаваккил гуфт: Чӣ тавр чунин чизе нишон дорад? Мубад чигунагии солҳо ва шумори рӯзҳоро бо ниёзмандии онҳо ба кабиса барои Мутаваккил баён кард. Ва гуфт: Эрониҳо ҳамвора солро кабиса мекарданд ва чун дини ислом омад ва салтанати моро аз миён бурд, кабиса аз байн рафт. Ва ин аҳамият надодан ба кабиса аст, ки сабаби зиёни мардум шудааст.
Ва деҳқонон дар аҳди Ҳишом ибни Абдулмалик дар назди Холиди Қасрӣ ҷамъ шуданд ва барои ӯ шарҳ доданд, ки саҳлангорӣ дар амри кабиса боиси зиёнҳои бисёр шуда ва аз ӯ дархост карданд, ки як моҳ Наврӯзро ба таъхир андозад. Холиди Қасрӣ аз баровардани ҳоҷати деҳқонон шона тиҳӣ кард ва ин хабарро ба Ҳишом ибни Абдулмалики Умавӣ навишт.
Ҳишом посух дод, ки ман метарсам ин кор дар шумори насӣ бошад, ки Худованди таоло фармуда: «Насӣ – зиёдат дар куфр аст».[6]
Ва чун рӯзгори Ҳорунаррашид расид, низ мардум ба даргоҳи Яҳё ибни Холид ибни Бармак ҷамъ шуданд ва аз ӯ дархост карданд, ки ду моҳ Наврӯзро ақиб биандозад. Ва Яҳё тасмим гирифт, ки ҳоҷати эшонро бароварад, вале душманони Бармакӣ суиқасде ташкил доданд ва гуфтанд, ки «Яҳё барои маҷусият, ки кеши падаронаш буда, таассуб харҷ медиҳад». Ин буд, ки Яҳё низ аз ин кор сарфи назар кард ва ҳамин тавр амри кабиса бимонд.
Пас аз он ки суханони мубад тамом шуд, Мутаваккид Иброҳим ибни Аббоси Сулиро ба дарбор даъват кард ва ӯро амр намуд бо мубад дар бораи Наврӯз ҳамроҳӣ кунад ва рӯзҳоро бишуморад ва қонуни тағйирнопазире вазъ намояд. Ва аз тарафи Мутаваккил ба ҳамаи шаҳрҳо бинависад, ки Наврӯзро таъхир биандозанд.
Ва чун Иброҳим ибни Аббоси Сулӣ бо мубад нишастанд ва ҳисоб намуданд ва бар ин азм шуданд, ки Наврӯзро ба ҳафдаҳум биандозанд. Ва Мутаваккил низ ин раъйро писандид ва ба офоқу атрофи кишвар номаҳо навиштанд, ки ҳокимон низ чунин кунанд. Ва ин воқеа дар муҳаррами дусаду чилу сеи ҳиҷрӣ буд.[7] Абурайҳони Берунӣ дар баёни чигунагии кабиса кардан, мавзӯи насӣ ва баёни маънои он назди арабҳои даврони ҷоҳилият маълумоти фаровони илмии таърихии муфид, чунон, ки ба навиштаҳои ин мутафаккири бузург хос аст, тақдим медорад.
Дар асари дигари Абурайҳони Берунӣ, ки ба илми ҳайат тааллуқ дошта бо номи «Китобу-т-тафҳим лиавоили саноати-т-танҷим» маъруф аст, [8]дар бораи Наврӯз низ маълумоте чанд ба даст овардан мумкин аст.
Китоби мазкури Берунӣ аз осори ба забони форсии тоҷикӣ навиштаи ин мутафаккир аст, ки дар он масъалаҳои илмӣ ба услуби сода баён ёфтаанд, ба ин манзур, ки китоб барои омӯзиши мубтадиёни илми ҳайат таъйин гардидааст. Масъалаҳо дар шакли саволу ҷавоб баррасӣ шудаанд.
Дар фасли ин китоби Абурайҳони Берунӣ, ки « Дар солу моҳ ва таърихҳову рӯзҳои умматон» унвон дорад, Наврӯз ба тарзи зайл муаррифӣ шудааст. Тарзе ки ишора кардем, масъалаҳоро дар ин китоб Берунӣ аз тариқи суолу ҷавоб баррасӣ мекунад. Бинобар ин дар пурсиши «Аз расмҳои порсиён Наврӯз чист?» посухи зеринро меёбем: «Нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва ончи аз паси ӯст аз ин панҷ рӯз, ҳама ҷашнҳост. Ва шашуми фарвардинмоҳ Наврӯзи бузург доранд. Зеро ки хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳон (ва бузургон) бигузордандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ. Он гоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯз нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан».[9]
Дар ҷое аз ин фасли китоб, ки «Сада чист?» пурсида мешавад, Берунӣ хусусиятҳои Садаро зикр карда ишора мекунад: «Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб».[10] Абурайҳони Берунӣ таҳти суоли «Рӯзгори муғони Хоразм кадоманд?» оид ба Наврӯз ҷавоби мухтасар меорад: «Ва хоразмиёнро андар моҳҳои хеш рӯзҳост маъруф. Ва Наврӯзашон «Навсорзӣ» хонанд».[11] Берунӣ таъкид менамояд, ки хоразмиён дар тақвими худ ба суғдиён пайравӣ доранд ва миёни ин ду гурӯҳ хилофе нест, магар ба андозаи ихтилофе, ки дар луғати онҳост.
Сипас Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу-т-тафҳим» низ аз кабиса ва ислоҳоти халифа Мутаваккил, ки дар «ал-Осор ал-боқия» ёдоварӣ шуда буд, маълумоти зеринро баён мекунад: «Чун порсиён аз кабиса даст боздоштанд, моҳҳошон пештар шуданд ва Наврӯз пеш аз расидан баромад ва хироҷ пеш аз ғалла кушода шуд ва деҳқонони савод ба ранҷ афтоданд ва барзгаронро душхор шуд. Пас Мутаваккил ният бар он ниҳод, ки Наврӯзро сипастар барад, то раиятро осон шавад. Ва нарасидааст ба тамом кардани он. Ва аз паси ӯ халифаеро андар ин шуғл набувад, магар Муътазидро, ки ӯро ҷуз ин ҳиммат набувад. Пас Наврӯзро ба ёздаҳум рӯзи ҳузайрон бурд. Ва дигар моҳҳои порсӣ ва он чи андар он аст аз рӯзгорҳо, ба ҳасби Наврӯз аз пас бурда шуд».[12]
Тарзе ки Абурайҳони Берунӣ менависад, тағйироте, ки бинобар амри Муътазид ҷорӣ гардид, дар сарзаминҳои таҳти ҳукмронии Хоразмшоҳиён низ мавриди татбиқ қарор гирифт. Берунӣ ба суоли «Рӯзҳои Хоразмшоҳӣ кадоманд?» чунин посух меорад: «Сабаби ин рӯзҳо монандаи сабаби моҳҳои Муътазид аст, ки гуфтем. Зеро ки Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ироқ ибни Мансури Хоразмшоҳ бад-ин қасди он кард, то адади рӯзҳо, ки шумурда ояд аз баҳри кишт ва барз бар як ҳол бимонад ва хилоф науфтад аз гаштани он, ки оммаи мардум таҳқиқи он надонанд. Он гоҳ моҳҳои Хоразмӣ нақл кард сӯи моҳҳои суриёнӣ. Ва Новсорзӣ, ки Наврӯзи хоразмиён аст, рӯзи дуввум аз моҳи найсон кард».[13]
Дар хотима бояд тазаккур дод, ки дар бузургтарин асари ин мутафаккири бузург доир ба илми нуҷум, риёзиёт ва ҷуғрофия бо номи «Қонуни Масъудӣ» низ маълумоти муфидро дар бораи Наврӯз пайдо кардан мумкин аст, ки ин кор ба таҳқиқи алоҳида ниёз дорад ва оид ба ин дар мақолаҳои минбаъда иттилоъ медиҳем.
Хонандагони тоҷик, албатта, бо чопи дар Душанбе анҷом додашудаи «ал-Осору-л-боқия» ошноӣ доранд,[14] вале ба андешаи банда, шоиста аст, ки ҳар чӣ Абурайҳони Берунӣ дар «ал-Осору-л-боқия», «Китобу-т-тафҳим» ва «Қонуни Масъудӣ» дар бораи Наврӯз нигоштааст, аз ин асарҳо берун оварда шавад ва дар шакли китоби алоҳида бо номи «Наврӯзномаи Берунӣ» интишор ёбад. Ва мо ҳоло дар садади анҷом додани ин кор ва хидмат барои насли ҷавони ин миллат қарор дорем ва ифтихор аз он дорем, ки ин корро ба хубӣ анҷом медиҳем. Паёми мо барои насли ҷавон ин аст, ки осори пурғановати миллати бузурги худро аз нигоҳи ақлонӣ таҳлилу баррасӣ кунанд ва тақлидкоронаву кӯр-кӯрона аз паи ҷараёнҳои ифротиву ҷиҳодӣ нараванд, ки ин кор барои тамоми миллат ва мардуми ҷаҳон оқибати хуб ба бор нахоҳад дошт.

[1] «Осору-л-боқия». Таълифи Абурайҳон Берунӣ, Тарҷумаи Акбари Доносиришт. Теҳрон, 1377. Муқаддима, саҳифаи бисту панҷ.
[2] «Осору-л-боқия», Муқаддима, саҳифаи бисту шаш.
[3] Осору-л-боқия». Таълифи Абурайҳон Берунӣ. Тарҷумаи Акбари Доносиришт, Теҳрон, 1377, -С. 323.
[4] Осору-л-боқия». Таълифи Абурайҳон Берунӣ, Тарҷумаи Акбари Доносиришт. Теҳрон, 1377. -С.324.
[5] Осору-л-боқия». Таълифи Абурайҳон Берунӣ. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. Теҳрон, 1377, -С. 330.
[6] Қуръони карим. Сураи Тавба, ояти 37. Матни асл ва тарҷумаи маъноҳои он ба забони тоҷикӣ. Матни тарҷумаи тоҷикӣ ва тавзеҳоти Муҳаммадҷон Умаров. Муҳаррирони масъул: Саиднуриддин Шаҳобуддинов ва Файзулло Бобоев. – Душанбе: «Ирфон», 2007.
[7] Осору-л-боқия». Таълифи Абурайҳон Берунӣ. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. Теҳрон, 1377, -С.51-52.
[8] Абурайҳони Берунӣ. Китобу-т-тафҳим лиавоили саноати-т-танҷим. «Дониш», Душанбе, 1973. -С.288.
[9] Абурайҳони Берунӣ. Китобу-т-тафҳим лиавоили саноати-т-танҷим. «Дониш», Душанбе, 1973. -С.144.
[10] Ҳамон манбаъ, -С. 145.
[11] Ҳамон манбаъ, -С. 147.
[12] Ҳамон манбаъ, -С. 147.
[13] Ҳамон манбаъ, -С. 147.
[14] Абурайҳон Берунӣ. Осор-ул-боқия. Ба чоп тайёркунандагон: А. Девонақулов, М.Исо, О. Ҳамид, М. Бақо. Душанбе: Ирфон, 1990. -С.432.